СММ гуфт, ки мутахассисони ин ниҳоди байналмилалӣ омода ҳастанд, ки дар макони куштори асирони украинии ҷанг дар минтақаи таҳти назорати русҳо дар шарқи Украина тақиқот анҷом диҳанд. Фараҳ Ҳақ, сухангӯи СММ гуфт, агар ҳарду ҷониб розӣ бошанд, СММ омода аст, ки мутахассисонашро ба шаҳри Оленевка фиристад, то ки ҳодисаҳои рӯзи 29-уми июлро таҳқиқ кунанд.
Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҳам рӯзи 29 июл гуфт, барои берун бурдани нафарони маҷрӯҳшуда мехоҳад вориди минтақа шавад. Тахмин меравад, ки дар як ҳодисаи ҳамлаи 29-уми июл даҳҳо украиниҳое, ки асири ҷанг ба шумор мераванд, кушта шудаанд. Русҳо иддао карданд, ки низомиёни украинӣ бо истифода аз мушакандозҳои амрикоӣ як зиндонро дар шаҳри Оленевка ҳадаф қарор доданд.
Вале низомиёни украинӣ ин иттиҳомотро пурра рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, зиндоне, ки дар он украиниҳои ширкатдори ҷангро дар ҳабс нигаҳ медоштанд, махсус мушакборон шуд, то ки нишонаҳои шиканҷаву бадтафторӣ бо зиндониҳо пинҳон монад.
Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки СММ ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх вазифадор ҳастанд, ки ба ҳодисаҳои Оленевка вокуниш нишон диҳанд. Ӯ дар як паёми видеоии 30 июлаш гуфт: “Ин ҷинояти ҷангӣ ва куштори дастаҷамъии украиниҳои зиндонии ҷанге буд, ки аз ҷониби русҳо махсусан анҷом дода шуд”. Ӯ гуфт, бояд ки “Русия ошкоро ҳамчун як давлати сармоягузори терроризм эътироф шавад”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Зеленский куштори асирони ҷангро "ҷинояти барқасдона" номидТаҳқиқот: “Вагнер” зодаҳои ОМ-ро ба ҷанги Украина мебарад