Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқот: “Вагнер” зодаҳои ОМ-ро ба ҷанги Украина мебарад


Ҷанги Русия дар Украина аз моҳи феврал боз идома дорад
Ҷанги Русия дар Украина аз моҳи феврал боз идома дорад

Як ширкати хусусии низомӣ шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро, аз ҷумла аз Тоҷикистон, ба ҷанги Украина ҷалб мекардааст.

Маркази таҳқиқотии “Медиаҳаб” муайян кардааст, ки ширкати "Вагнер" бо нашри эълони ҷойи кор гуё барои идораҳои хусусии муҳофизатӣ довталабонро ба ширкат дар ҷанги Украина пешниҳод мекунад.

Ба сарбозони кироя 240 ҳазор рубл маош ва шаҳрвандии Русияро ваъда медодаанд, аммо шарти асосӣ ин будааст, ки онҳо бояд бо худ телефони мобил нагиранд ва саҳифаҳояшонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пок кунанд.

Оҷонси муҳоҷирати кории Узбекистон ахиран аз онҳое, ки дар Русия кор мекунанд, хостааст, зимни интихоби кор эҳтиёт кунанд, то ба ҷанги Украина сафарбар нашаванд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, барои зархаридӣ тибқи қонуни ин кишвар аз 5 то 10 сол зиндон таҳдид мекунад.

Тоҷикистон ҳам барои зархаридӣ ва ширкат дар ҷанги ширкатҳои хориҷӣ ҷазо пешбинӣ кардааст, аммо то кунун ҳеч мақоми расмӣ дар ин бора вокуниш накардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG