Додгоҳе дар Душанбе Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ, ду рӯзноманигори тоҷикро ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.
Пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рӯзи 29-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ бо қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе ба ҳабс гирифта шуд. Пирмуҳаммадзодаро рӯзи 27-уми июл дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе ҷойгир кардаанд.
Вакили мудофеи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода гуфт, бо рӯзноманигор дар боздоштгоҳ вохӯрд. “Сиҳату саломат аст. Тафтиш идома дорад. Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бовар дорем, фикр мекунем, қазия холисона санҷида шавад,” -- афзуд вакил.
Пайвандони Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори дигари боздоштшуда, гуфтанд, ду рӯз аст, ки ба Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе хӯрок мебаранд.
Ба гуфтаи яке аз пайвандонаш, Саидаминӣ вакили мудофеъ надорад. “Бист рӯз боз ӯро надидем, намедонем, чӣ ҳол дорад,” -- гуфт ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш фош шавад.
Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рӯзҳои 8-9-уми июли имсол аз тарафи маъмурони пулиси шаҳри Ваҳдат боздошт шуданд.
Мақомот Саидаминиро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар кишвар мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гуруҳи 24” гумонбар донистанд. Пирмуҳаммадзода ба ифротгароӣ муттаҳам шуд.
Пайвандони ҳарду хабарнигор иттиҳомро “бофта” номиданд.
Саидаминӣ ва Пирмуҳаммадзода солҳои охир дар пайванд ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва “ҳассос” назарашонро мегуфтанд. Боздошти онҳо танқидҳои зиёди созмонҳои ҳомии ҳуқуқро ба миён овард, вале мақомот ба ҳақ будани худ пофишорӣ доранд.
Дар Тоҷикистон дар се моҳи охир ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир шудаанд. Чандин хабарнигори дигар мегӯянд, зери фишор ҳастанд, аз ҷумла телефону компютери онҳо мусодира гаштааст ва худашон ҳушдор гирифтаанд.
Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, таъқиб ва таҳдиду фишор ба хабарнигоронро бас кунад. Мақомот посухе надодаанд.