Маҷиди Муҳтадӣ, раиси ноҳияи Ховалинг ба хабарнигорон иҷоза надод, ки нишасти матуботиашро бо телефони мобилӣ навор гиранд.
Маъмулан, хабарнигорон дар кори хабарнигорӣ барои акс ва навор гирифтан бештар аз телефони мобилӣ, ки аксаран сифаташ чандон тафовут аз дастгоҳҳои сабт надорад, истифода мекунанд.
Ин тасмими раиси Ховалинг норозигии хабарнигорони маҳаллиро ба бор овард. Онҳо шарҳи тасмимро хостанд.
Файзулло Ҳусейнзода, раҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Ховалинг гуфт, “бо дастгоҳи шахсӣ” набояд нишасти матбуотӣ сабт шавад.
“Шумо агар камера медоштед, навор мекардед, ман ягон гап намегуфтам. Ба дастгоҳи шахсӣ дар болои мизи кории раис инро пурра навор кардан мумкин нест. Илтимос, шумо маро фаҳмед. Дастгоҳ медоштед, чизе намегуфтам. Инҷо шаш дастгоҳ навор мебардоранд, лекин ба дастгоҳи шахсӣ мумкин нест.”,--гуфт ӯ.
Хабарнигорон аз нишастҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ёд оварданд, ки дар он даҳҳо хабарнигор бо телефон пахши мустақим анҷом медиҳанд. Бо вуҷуди ин далелҳо Файзулло Ҳусейнзода гуфт, ки “бо телефонҳои шахсӣ” гирифтани навор иҷоза нест.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нишастҳои хабарии мансабдорон барои рӯзноманигорон аз соли 2005 баргузор мешавад. То соли 2011 давоми ҳар се моҳ мансабдорон бо журналистон суҳбат мекарданд, вале 11 сол боз он дар шаш моҳ як бор анҷом мешавад. Журналистон нишастҳои матбуотиро барои дастрасӣ ба иттилоъ муҳим медонанд, чун ба суолҳои моҳҳо бепосухашон дар ин нишастҳо посух мегиранд.
Хабарнигорон гила доранд, ки мансабдорон талош мекунанд, дар нишастҳои матбуотӣ низ ба суолҳо дуруст ҷавоб надиҳанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Эътироз ба нишасти 13 мансабдори тоҷик дар як рӯз. "Иззати журналистон иззати 9 миллион аҳолии Тоҷикистон аст" ВИДЕО"Бас", "савол... надиҳед". Вазирону раисони тоҷик дар ним сол як бор "гап" заданд, аммо чӣ гуфтанд? ВИДЕО“Гапи гуфтанӣ”. Айби кист, ки мансабдорон “ситора” мешаванд?НАНСМИТ: "Танҳо 1%-и рӯзноманигорон аз посухҳои мақомот розиянд"Норозигӣ аз нишастҳои хабарӣ. "Суд ҳам ман ҳастам, додситону милиса ҳам"Аз вазирону раисони тоҷик чӣ мехоҳанд? ВИДЕО