Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигӣ аз нишастҳои хабарӣ. "Суд ҳам ман ҳастам, додситону милиса ҳам"


Карикатура аз Фаррух Аҳроров
Карикатура аз Фаррух Аҳроров

Рафтори раҳбарони баъзе аз мақомоти шаҳр ва ноҳияҳо дар Кӯлоб дар нишастҳои матбуотӣ хабарнигорони минтақаро асабонӣ кардааст. То ҳадде, ки баъзе аз журналистон рӯзи 30-юми июл ба нишони эътироз мунтазири раиси шаҳри Кӯлоб наистода ва дар нишасти хабариаш ширкат накардаанд.

Хабарнигорони минтақа мегӯянд, нишастҳои матбуотии раҳбарони ноҳияву шаҳрҳо сол то сол "ба як ҷаласаи корӣ табдил меёбад".

Ба қавли онҳо, "яке ним соат дер меояд, яке ба ҷойи тамоми раҳбарони ниҳодҳо посух медиҳад, саввумӣ дар бораи "дастовардҳо" як суханронии хушку холӣ мекунад ва толорро тарк карда меравад."

Ба унвони мисол, хабарнигорони минтақаи Кӯлоб рӯзи 30-юми июл баъд аз он ки шаҳрдори Кӯлоб ним соат дер кард, ӯро мунтазир нашуданд ва рафтанд. Қарор буд, Баҳром Иноятзода баъд аз таъйин шуданаш ба мақоми раиси шаҳри Кӯлоб дар чанд моҳи пеш аввалин нишасти хабариашро баргузор кунад.

Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи "Пайк", рӯзи 31-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ним соат раиси шаҳрро интизор шуданд, аммо ӯ аз утоқи корӣ берун наомад. Ба қавли ӯ, азбаски соат ба 5-и бегоҳ наздик мешуд ва мумкин буд, баъди қироати маърӯза раис нишастро хотима диҳад, хабарнигорон дигар зарурати иштирок дар нишастро надиданд.

Ӯ афзуд: "Ним соат дер кард. Ин беэҳтиромӣ нисбат ба хабарнигорон аст. Дар утоқат нишинӣ, дигаронро мунтазир нигаҳ дорӣ. Баъд аз ним соат биёяд, ҳамон шаш саҳифаи маърӯзаи худро, ки ба хабарнигорон тақсим кардааст, хонад, бо ҳамин нишаст ба итмом мерасад."

Ҳарчанд нишасти хабарии шаҳрдори Кӯлоб бо баъзе журналистон сипарӣ шудааст, Аҳмади Иброҳим гуфт, онҳо хабарнигорони расонаҳои давлатӣ ва тобеи шаҳрдорӣ буданд ва аз ночорӣ раисро интизор шуданд.

Хабарнигорони минтақа мегӯянд, бархе раисони дигари ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар нишастҳои хабарӣ худро ба ҷойи ҳамаи сардорони идораҳо гузошта, ба суоли хабарнигорон посухи дақиқ намедиҳанд.

Фотеҳ Аминзода, раиси ноҳияи Темурмалик, рӯзи 29-уми июл баъди суоли яке аз хабарнигорон, ки ба сардорони додситонӣ, пулис ва додгоҳ рабт дошт, гуфт, худи ӯ ҳам додситон, пулис ва ҳам сардори додгоҳ аст. Аминзода дар идома афзуд, "шарт нест, ки сардорони он ниҳодҳо дар нишаст иштирок кунанд."

"Гӯш кун, дар ҳамин ноҳия суд ҳам ман ҳастам, прокурор ва милиса ҳам ман ҳастам. Дар назди Шумо ман ҷавоб мегӯям. Аммо агар зарур бошад, онҳоро даъват мекунам", -- гуфт Фотеҳ Аминзода, раиси ноҳияи Темурмалик.

Дар ҳоле ки мақомот аз баргузории нишастҳои хабарӣ қаноатманд ба назар мерасанд, хабарнигорон чунин шеваи баргузории суолу ҷавобро "поймол кардани озодии сухан" медонанд.

Билоли Шамс, хабарингори маҳаллӣ гуфт, "бояд намояндагони ҳамаи мақомот дар нишаст иштирок кунанд. Раиси ноҳия чизеро медонад, ҳамонро мегӯяд. Вале баъдан намояндагони баъзе аз вазорату идораҳои интизомӣ вокуниш карда, мегӯянд, ҳодиса ин тавр набуд. Баъзан хабарнигоронро гумроҳ мекунанд."

Мақомоти вазорату идораҳои давлатӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки дар ним сол як дафъа ва як соат бо хабарнигорон мулоқот ва ба суоли ҷамъшудаи онҳо ҷавоб гӯянд.

Журналистони тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди хеле танг будани вақт, баъзе мақомот талош мекунанд, ки аз суоли хабарнигорон фирор намуда, танҳо бо хондани гузориш оид ба фаъолияти солонаву нимсолаашон маҳдуд шаванд. Як чунин нишасти матбуотии мақомоти Кумитаи занон ва оила соли 2018 мавриди интиқоди журналистон қарор гирифта буд.

Дар ҳолатҳои зиёди дигар мақомоти аввали сохторҳои давлатӣ аз ҳозир шудан дар баробари журналистон худдорӣ мекунанд ва муовину мутасаддиёни дигари худро ба ин нишастҳо мефиристанд. Аксар вақт ҷавоби онҳо бо ибораи кӯтоҳи "ман намедонам, раис бояд ҷавоб диҳанд", хотима меёбад.

XS
SM
MD
LG