"Помидор то 7 сомонӣ баромад". Гармии шадид ҳосили сабзавотро дар Тоҷикистон талаф мекунад

Гармои тоқатфарсо нархи помидорро дар Тоҷикистон ду баробар боло бурдааст. Нашрияи таҳлилии EastFruit, ки ба таҳлили бозори меваву сабзавот машғул аст, навиштааст, идомаи гармои шадид дар кишвар ба замин ва боғи деҳқонон мушкили ҷиддӣ эҷод кардааст. Дар кишвар ҳафтаи гузашта ҳарорати ҳаво аз марзи 40 дараҷа гузашт. Деқонону боғбонон аз талаф ёфтани ҳосили киштукори худ шикоят кардаанд. Ба навиштаи таҳлилгарони нашрия, ҳатто помидор ҳам дар замини кишт вайрон шуда, пешниҳоди он ба бозор кам ва нархаш ду баробар зиёд шудааст. Ҳоло ҳар килои помидор аз 5 то 7 сомонӣ арзиш дорад. Як ҳафта пеш нархи он 3 сомонӣ буд. Ин дар ҳолест, ки маъмулан дар ин мавсим нархи помидор чанд баробар арзон мешуд ва мардум барои захира онро харид мекарданд. Таҳлилгарони EastFruit борҳо таъкид кардаанд, ки тағйири иқлим барои деҳқонон дар тамоми ҷаҳон, махсусан Осиёи Марказӣ, паёмадҳои ногувор дорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Мушкили шакар Тоҷикистонро ба Ҳинду Покистон бурд. ВИДЕОПиёзу орд гарон, сабзиву лубиё арзон шудаастДоллар ба боло, нархи маҳсулот ба боло. Доллар ба поин, нархҳо чӣ?"Бигзор маош бетағйир монад, нархи маҳсулотро боло набаранд" ВИДЕО