Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили шакар Тоҷикистонро ба Ҳинду Покистон бурд. ВИДЕО


Дар пайи ҷанги давомдори Русия дар Украина, Душанбе водор шудааст, масири овардани шакарро дигар кунад. Пештар Русия ва Украина аз таъминкунандаҳои асосии шакар дар Тоҷикистон буданд. Ҳоло ин ҷойро Ҳинду Покистон гирифтаанд, вале мардум аз саифати он норозиянду коршиносон ояндаи роҳро чандон амну дуруст намешуморанд.

Чанд муддат боз гуруҳе аз сокинон дар Тоҷикистон аз камбуди шакар ва гаронии он шикоят доранд. Нархи ин навъи маҳсулот соли гузашта 6 сомонӣ буд, ҳоло ду баробар афзудааст. Шакар дар баробари орду равған дар Тоҷикистон аз маҳсулоти ниёзи аввал ба ҳисоб меравад.

Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон, эҳтимоли камбуди шакарро дар кишвар бепоя донист. Ӯ гуфт, ба сабаби ҷанги Русия дар Украина, тасмим гирифтанд, воридоти маҳсулотро аз Покистону Ҳинд бештар кунанд.

"Мо дар нимсолаи аввал беш аз 87 ҳазор тонна шакарро аз Покистону Ҳиндустон овардем. Ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 891 тонна бештар аст," – афзуд ӯ.

Файзуллозода итминон дод, ки шакар дар анборҳо ба таври кофӣ захира шудааст ва набояд мояи нигаронии сокинон бошад. Дар ҳоле ки баъзе аз сокинон дар Тоҷикистон иддао доранд, сифати шакари покистонӣ ва ҳиндӣ дар муқоиса бо шакари Русияву Украина поинтар аст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Тоҷикистон шакарро аз Ҳинду Покистон меорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Бобишоҳ Давлатшоҳзода, мудири бахши Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар Душанбе, мегӯяд, тавлиди шакар дар ҳама кишварҳо тибқи меъёорҳои байнулмилалӣ сурат мегирад ва фарқе дар онҳо дида намешавад.

Аммо баъзе аз соҳибназарон мегӯянд, воридоти шакар аз Ҳинду Покистон бо хатарҳои амниятӣ рӯбарӯ аст. Ба гуфтаи Икром Қурбонов, собиқ роҳбари бахши кишоварзии Тоҷикистон, бо ин ду кишвар иртиботи роҳи оҳан вуҷуд надорад ва миқдори зиёди шакарро бояд танҳо бо мошинҳои боркаш аз роҳи заминӣ ва тавассути қаламрави Афғонистон ворид кард. Афғонистон тақрибан як сол боз зери назорати гуруҳи тундрави Толибон аст.

Дар дурнамои нишондодҳои иқтисодии Тоҷикистон гуфта мешавад, кишвар мехоҳад, то соли 2023 воридоти шакарро то 204 ҳазор тонна афзоиш диҳад. Мақомот ба ин назаранд, ки ҳар як шахс дар Тоҷикистон ҳар рӯз то 55 грам шакар мехӯрад.

XS
SM
MD
LG