Ба Швейтсария чӣ шуд? Афзоиши содироти тило аз Тоҷикистон ба Чин

Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон аз аввали имсол содироти тилоро ба Чин афзуда, айни замон содироти ин навъ метали гаронбаҳоро ба Швейтсария андаке камтар кардааст. Мақомот сабаби тағйиротро намегӯянд. Коршиносон тахмин мезананд, ки бо дигар шудани вазъи ҷаҳон, Тоҷикистон намехоҳад, "ҳамаи тухмро дар як сабад нигоҳ дорад".

"Бале, тилову нуқра содирот шудааст, вале..."

Бино ба "Бюллетени омори гумрукии савдои хориҷӣ", ки Хадамоти гумрук нашр кард ва ба дастраси умум гузошт, Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол ба Чин зиёда аз ду тонна тило содирот кардааст. Дар ин санад гуфтаанд, ки маблағи умумии он 128 миллион доллар ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан панҷ баробар зиёдтар аст. Дар нимсолаи аввали соли гузашта аз Тоҷикистон ба Чин 480 кило (ба 27,7 миллион доллар) фиристода будаанд. Маълумоти солҳои аз он пеш сабт нашудааст.

Хуршед Каримзода

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, тасдиқ кард, ки "воқеан, ба Чин тилову нуқра содирот шудааст", аммо гуфт, иттилои пурра дода наметавонад.

"Тибқи қонунгузорӣ, танҳо Бонки Миллӣ аз ҳаққи содирот ва фурӯши металҳои гаронбаҳо бархурдор аст. Мо наметавонем, ҳатто номи ширкатҳо ва миқдори содиротшудаи металҳои гаронбаҳоро ошкор кунем," – гуфт ӯ рӯзи 13-уми июл дар нишасти матбуотӣ.

Масъулони Бонки Миллӣ дар нишасти хабарӣ бе овардани рақам аз афзоиши захираи тилову асъори миллӣ гуфтанд, вале дар мавриди содироташ тафсилот надоданд. Аз соли 2016 маълумотро дар бораи захираи тилову металҳои гаронбаҳо дар Тоҷикистон фош намекунанд. Мақомот онро иқдоме барои ба воҳима наандохтани мардум гуфта буданд. Пинҳонкорӣ дар бораи содироти он маълум нест.

Аз Швейтсария рӯй ба Чин?

Бар асоси омори расмӣ, қаблан Швейтсария дар миёни дастраскунандаҳои тилои Тоҷикистон яккатоз буд, аммо феълан вазъ майл ба тағйирот овардааст. Дар "Бюллетени омори гумрукии савдои хориҷӣ" навиштаанд, дар ним сол аз Тоҷикистон ба Швейтсария 7 тоннаю 821 кило тило фиристодаанд, ки ба беш аз 465 миллион доллар баробар аст, вале дар муқоиса ба соли гузашта камтар. Дар шаш моҳи соли 2021 ба Швейтсария беш аз нӯҳ тонна тило содирот шуда будааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Фоидаи олии шарики хориҷии ТАЛКО аз маъдан ва партовҳои Такоб

Дар ҳоле ки мақомот тағйироти охирро шарҳ намедиҳанд, коршиносон сабабҳои якбора ба Чин фиристодани тилои бештарро тахмин мезананд. "Тағйирот дар масири содироти тиллои Тоҷикистон метавонад, ба воқеиятҳои нави геосиёсӣ рабт дошта бошад," – гуфт таҳлилгари иқтисодӣ Амони Асрор.

Ӯ афзуд: "Дар шароити майл ба бисёрқутбӣ доштани ҷаҳон, эҳтимол мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, аз ин роҳ захоири тилоро дар чанд нуқта нигоҳ доранд. Дар пасманзари мушкили Русия – шарики асосии тиҷории Тоҷикистон – мақомоти тоҷик чораҳои эҳтиётӣ андешида истодаанд ва ҳамаи тухмҳоро дар як сабад ҷой доданӣ нестанд."

Бино ба "Бюллетени омори гумрукии савдои хориҷӣ", ки Хадамоти гумрук нашр кард, дар шаш моҳи имсол аз Тоҷикистон дар умум ба маблағи 222,3 миллион доллар ба Чин маҳсулот бурдаанд. Зиёда аз 99 дарсади онро тило ва маъдану консентрати металҳои гаронбаҳо ташкил медиҳад.

Дар ин давра 35 ҳазор тонна маъдану консентратҳо (ба зиёда аз 92 миллион доллар) содирот шудааст. Дар ҳоле ки дар ҳамин давраи соли гузашта, тибқи ҳисобҳои гумрукӣ, ҳеч мавриди интиқоли консентрати металҳои гаронбаҳо аз Тоҷикистон ба Чин ҷой надошт. Айни замон содироти метали гаронбаҳои дигар - нуқра ба Швейтсария кам шуда, аз 2,3 тоннаи нимсолаи аввали 2021 то 729 кило дар шаш моҳи имсол расидааст.

Моҳи июни имсол як сомонаи вобаста ба ҳукумати Чин аз афзоиши додугирифт бо Тоҷикистон ситоиш карда, навишта буд, ки "Тоҷикистон асосан гандуму сӯзишворӣ ва оҳану мошин мехарад ва тилову алюминий ва пахтаи хом содирот мекунад."

"Коркарди маодин дар дохил роҳандозӣ гардад"

Дар гузашта ин нигарониҳо вуҷуд дошт, ки Чин бар тилои Тоҷикистон тасаллут дорад, вале мақомот мегуфтанд, ин метали гаронбаҳоро дар ҷумҳурӣ асосан Бонки Миллӣ ва Вазорати молия мехаранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тоҷикистон дар расонаҳои Чин. Аз замини гирифташуда то конҳои пурсарват

Ҳоло чандин ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ба кофтукоб ва истихроҷи маъдан машғуланд. Корхонаи муштараки истихроҷи тилои "Зарафшон" дар дасти ширкати "Zijin Mining" (муштарак), "Покрӯд" дар дасти ширкати "China Nonferrous Gold Limited" ва кони истихроҷи "Якҷилва" дар дасти ширкати "Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед" аст.

ТВЕА, яке аз ширкатҳои бузурги Чин, хати барқи "Ҷануб-Шимол", "Хатлон-Лолазор" ва корхонаи гармидиҳии Душанберо сохта, дар ивази он иҷозатномаи коркарди маъдани "Дуоба" ва "Кумарғи боло"-ро дар ноҳияи Айнӣ ба даст овард.

Баъзе аз коршиносон аз он нигаронанд, ки Чин дар оянда Тоҷикистонро ба манбаи ашёи хом табдил хоҳад дод. Коршинос Амони Асрор мегӯяд, ҳоло аз конҳои Тоҷикистон, аз ҷумла тило, асосан чиниҳо фоида мебинанд. "Зарур аст, ки коркарди маодин дар дохил роҳандозӣ гардад, то ҷойи кор барои мардум ва даромади бештар барои давлат фароҳам гардад," – мегӯяд ӯ.

"Аввал ҳамсоя, баъд..."

Мақомот ба кори ширкатҳои чинӣ хушбинанд.

Шералӣ Кабир

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, рӯзи 19-уми июл гуфт, "ширкатҳои чинӣ дар саноати кӯҳии Тоҷикистон хеле муҳим ҳастанд, новобаста аз он ки чӣ гапе бошад. Ширкатҳои хурду носолим нестанд. "Zijin Mining" дар даҳгонаи ширкатҳои бузурги дунё аст. Чин ҳамсояи мо аст. Аввал ҳамсоя. Мегӯянд, ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур. Ба ин нигоҳ накарда, мо дарк мекунем, ки ширкатҳои дигари ҷаҳонӣ ҳам дар саноати кӯҳии мо иштирок кунанд."

Чин солҳои охир ба яке аз сармоягузорони бузурги иқтисоди Тоҷикистон табдил шудааст. Соли гузашта сатҳи гардиши тиҷорати хориҷии ду кишвар аз марзи 1,5 миллиард доллар гузашта буд. Бахши асосии қарзии хориҷии Тоҷикистон низ аз Чин аст.

Намояндагони созмонҳои мухолифон пайваста ҳукумати Тоҷикистонро барои вобастагии шадид аз Чин танқид мекунанд, вале мақомот мегӯянд, дар муносибат бо кишварҳо "ҳадди" худро медонанд.