Дар шаҳри Исфара ба сохтмону бозсозии биноҳое сар карданд, ки шаш моҳ пеш дар натиҷаи даргирии хунин бо неруҳои Қирғизистон дар марз осеб дидаанд.
Пештар сокинон борҳо аз таъмир нашудани хонаҳои зарардидаи худ шикоят карда буданд. Дар муноқишаи хунини шаби 27 ба 28-уми январи имсол ҳудуди 50 манзили зист хароб шуда буд.
Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, рӯзи 13-уми июл ба рӯзноманигорон гуфт, ки масъулини мақомот азм доранд, ҳарчӣ зудтар хонаҳои вайроншуда аз муноқишаи марзии моҳи январро бозсозӣ намоянд. Дар он ҳодиса аксаран ҳавливу хонаҳои сокинони ҷамоати Чоркуҳу Сурхи ин шаҳр зарар дида буданд.
“Хонаҳое, ки дар муноқишаи 27-уми январи соли 2022 зарар дида буданд, ба бозсозияш шурӯъ кардаем. Ҳоло хонаҳое, ки дар ҷамоати Чоркуҳ ҳастанд, таъмир шуда истодаанд. Рӯзҳои наздик ба пуррагӣ таъмир карда, ба соҳибонаш супорида мешаванд. Ҳозир, асосан ду хонае, ки пурра сӯхта тамом шуда буданд, сохта шуда истодаанд ва кӯшиш мекунем ба наздикӣ ба истифода супорем.”,--гуфт ӯ.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти Тоҷикистон зарари расидаро наздик ба ду миллион сомонӣ ҳисоб карда буданд. Сокинон мегӯянд, намояндагони ҳукумат "борҳо омада, ваъдаи ҷуброн карданд", вале тақрибан ним сол саргардон шуданд. Дар ин хонаҳо беш аз 240 нафар иқомат мекунанд. Радиои Озодӣ ҳам бо муроҷиати сокинони зарардида дар ин мавзӯъ борҳо гузориш таҳия карда буд.
Дар муноқишаи мусаллаҳонаи шаби 27-28-уми январи имсол ягона бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сомониёни Исфара низ зери тиру тӯп монда буд. Сокинони беш аз 3-ҳазорнафарии деҳа барои муолиҷа ба хонаи духтурон ё шифохонаи марказӣ мераванд. Ба ҷуз ин, чанд ошхона, нонпазхона, мағоза ва иншооти дигари ёрирасон зарари сабук дидаанд. Хонаҳое низ ҳастанд, ки дар ин танишҳо борҳо ҳадаф қарор гирифтаанд. Дар гузашта мақомот фавран харобиҳои муноқишаҳои марзиро бозсозӣ мекарданд, вале ин бор, тӯл кашидани он сокинонро нигарон кардааст.
Сабаби муноқишаву даъво ва хунрезӣ, тақрибан 400 километр марзи таъйинношудаи Тоҷикистону Қирғизистон аст. Ду тараф дар муддати сӣ сол натавонистаанд, дар ин масъала ба мувофиқа бирасанд ва ҳар бор якдигарро ба шурӯи даргирӣ гунаҳкор мекунанд. Ҷангу даъво асосан барои замин, роҳу об ва манобеи табиӣ сар мезанад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Ҳодисае шавад, метарсам." Ба захмии ҷанҷоли марзӣ бо Қирғизистон пойи сунъӣ додаанд. ВИДЕОНа маоши 60-моҳа, на номе ба кӯча. Шикояти наздикони як қурбонии ҷанг дар сарҳад бо Қирғизистон. ВИДЕОНафаси ҷанг. Зиндагӣ дар марз пас аз як соли даргирӣ. ВИДЕОТоҷикон дар марз бо Қирғизистон "ош" доданд. Ифтор монеи низоъ мешавад? ВИДЕО"Дар ҳазор ҷой имзо мондам, ягон натиҷа нест" ВИДЕОБаъд аз гузориши Озодӣ ба Чоркӯҳ об омадаастРоҳ, чарогоҳ, об. Талаби сокинони Ворух аз ҳукумати Тоҷикистон. ВИДЕО