Тоҷикистон 11 шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистонро ба кишварашон баргардондааст. Мақомот дар Душанбеву Бишкек иттилоъ намедиҳанд. Маълум нест, ки оё табодули боздоштшудаҳо ва зиндониёни ду кишвар сурат гирифтааст ё не.
Айдарбек Ҳайдаров, ки аз моҳи октябри соли 2021 дар Боздоштгоҳи муваққатии Хуҷанд нигаҳдорӣ мешуд ва ахиран ба кишвараш баргаштаву озод шудааст, хабарро ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ тасдиқ кард.
Ӯ рӯзи 10-уми июл гуфт, ҳамроҳаш даҳ шаҳрванди дигари Қирғизистон ба кишвари худ баргардонда шуданд, аммо тафсилот надод.
Падараш Умарбой Ҳайдаров гуфт, "онҳоро дар наздикии гузаргоҳи "Қизил Бел" дар вилояти Бодканд додаанд. 11 касро озод карданд."
Ҳамаи онҳо дар замонҳои гуногун ва ба иттиҳоми якхелаи ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад дастгир шуда буданд.
Додситонии кулли Қирғизистон мегӯяд, дар зиндонҳои Тоҷикистон 13 шаҳрванди он кишвар адои ҷазо мекунанд. Ду нафари онҳо ба ҳабси абад маҳкум шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон моҳи феврали имсол хабар доданд, ки танҳо дар соли 2021-ум 39 шаҳрванди Қирғизистонро ба иттиҳоми ғайриқонунӣ гузаштан аз марз дастгир карданд.
Чанде пеш Абдикарим Алимбоев, намояндаи раисиҷумҳури Қирғизистон дар Бодканд гуфта буд, Бишкеку Душанбе ба табодули боздоштшудаҳо ва зиндониён дар қаламрави якдигар оғоз кардаанд.
Додгоҳи ноҳияи Лайлак рӯзи 3-юми июн 11 шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистонро бо ҷарима озод кард. Қирғизистон инчунин ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба муддатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда буданд, ба кишвар баргардонд. Феълан онҳо дар боздоштгоҳе дар Хуҷанд ҳастанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Лоғар шудааст, аммо рӯҳияаш болида." Аз зиндони Бодканд ба боздоштгоҳи Хуҷанд