Азиза Ҳайдарова, котибаи Рустам Саидаҳмадзода, додраси боздоштшудаи Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дастгир ва ба қаллобӣ гумонбар шудааст. Мақомот шарҳе намедиҳанд. Пайвандонаш иддао доранд, ки аз ӯ ба зидди додрас истифода хоҳад шуд.
Ба иттилои дарёфтӣ, Азиза Ҳайдарова рӯзи 10-уми июни имсол боздошт ва аз Хуҷанд ба Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе фиристода шудааст.
Барно Ҳайдарова, модари Азиза Ҳайдарова, рӯзи 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, духтарашро ба қаллобӣ ҳангоми хариди хона муттаҳам мекунанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтааш, хонаро ду сол пеш ва бо пуле харидааст, ки дар Русия кор карда буд.
Ӯ дар як суҳбати видеоӣ афзуд, духтараш ҳеч кори хато ё қонуншиканӣ накардааст ва иддао дорад, ки муфаттишон аз ин роҳ маҷбур кардаанд, ба зидди Саидаҳмадзода шаҳодат бидиҳад. Рустам Саидаҳмадзода рӯзи 29-уми июн дастгир ва ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
Гузашта аз ин, муфаттишон гуё ба модараш гуфтаанд, Азиза Ҳайдарова аз Рустам Саидаҳмадзода “ҳомила аст”. Барно Ҳайдарова мегӯяд, бо духтараш дар Боздоштгоҳ вохӯрд ва ӯ таъкид кардааст, ки “мақомот нақш бозӣ мекунанд”.
“Рафта, духтарамро дидам. Хароб шудааст. Гуфт, очаҷон, Шумо ба гапи кӣ бовар кардед? Гуфт, инҳо кинобозӣ доранд. На шикамаш ҳаст, на чизи дигар. Қариб маро кушта буданд бо ин туҳматҳо. Мегӯяд, аз пушти раисам маро оварданд, чизеро намедонам. Ҳоло хонаро баҳона карда истодаанд. Худаш ҳаминро гуфт," -- нақл кард Барно Ҳайдарова.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Кӯшишҳои мо барои дарёфти посухи мақомот ба ин иддао то ин дам бенатиҷа буд. Барно Ҳайдарова мегӯяд, дар номае ба раҳбарияти Тоҷикистон хостааст, дар таҳқиқи одилонаи парвандаи духтараш мусоидат кунанд. “Ман духтарамро ба танҳоӣ бузург кардам. Дар Русия кор карда, пул ёфтам ва ӯро хонондам, тарбия кардам,” – гуфт ӯ.
Рӯзи 6-уми июл ва баъди як ҳафтаи боздошт, фармони барканории Рустам Саидаҳмадзода аз мансаби додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров содир шуд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон сабаби тасмимро "кирдоре" номидааст, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад".
Ба иттилои дарёфтӣ, ӯро ба "додани хабари дурӯғ" ва "баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" гумонбар донистаанд. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, Саидаҳмадзода айбномаро рад кардааст.
Ӯ соли 2017 додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин шуд. Пеш аз он дар Додгоҳи ноҳияи Шаҳристон кор мекард. Номаш соле пеш ва баъди онки як сокини вилояти Суғдро дар муҳокима бегуноҳ эълон кард, дар сархати расонаҳо қарор гирифт.
Дар Тоҷикистон, ки мақомот додгоҳҳоро озоду мустақил мешуморанд, аммо созмонҳои байнулмилалӣ пойбанди ҳукумат медонанд, "ҳукми сафед" хеле кам содир мешавад.