"Гуфтанд, ягон ҷойро вайрон накардем, фақат намозро хато хондем" ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷазо барои пайравӣ аз ДОИШ ва азоби волидон

Ҳукми тӯлонии ду бародар дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд хонаводаи онҳоро ба мушкил гирифтор кардааст. Волидони Бекмурод ва Шӯҳрат Сатимовҳо мегӯянд, умед доштанд, писарон дар пирӣ дасташонро мегиранд, аммо баръакс нигоҳубини шаш набера низ бар дӯши онҳо бор шуд. Мақомот бародаронро ба гуноҳи иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноӣ ва ҷанг дар Сурияву Ироқ ба зиндон андохтаанд. Бекмурод Сатимов 39-сола ва Шӯҳрат Сатимов 34-сола аст.

Ба ҷанг ё “кори беҳтар”?

Хонаводаи Сатимовҳо дар ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Спитамен зиндагӣ доранд. Ду писари оила, ки яке духтури дандон буд, солҳо дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба Русия рафта, зиндагиро мечархонданд, аммо ҳама чиз баъди соли 2013 тағйир ёфт.

“Писари калонии Шӯҳрат маъюб аст. Ба Русия рафта, барои муолиҷааш пул меёфт. Аввал ба Маскав мерафт, сипас ба Новосибирск кӯчид,” – ба ёд овард Дилмурод Сатимов, падари хонавода рӯзи 5-уми июл.

Дар хулосаи Додситонии кулли Тоҷикистон низ гуфтаанд, ки Шӯҳрат Сатимов соли 2013 дар Новосибирск буд. Вале мақомот афзудаанд, ӯ соли 2015 ба Маскав ва аз онҷо ба Ироқу Сурия рафта, дар ҳайати ҷангҷӯёни ДОИШ “алайҳи ҳукумати қонунии ин ду кишвари Ховари Миёна ҷангидааст”. Тафсилоти кай ва чӣ гуна ба Ироқу Сурия рафтани Шӯҳрат Сатимов рӯшан нест.

Падараш мегӯяд, танҳо дар бораи ба Сурия рафтани писарии хурдияш фаҳмида буд, “вале Шӯҳрат дар суҳбати телефонӣ мегуфт, ки барои кори беҳтар ба шаҳри дигар рафтааст.”

“Ин соли 2015 буд. Овоза шуд, ки ӯ ба Сурия рафтааст. Бовар накардам. Дар ҳақиқат, ҳамон вақт чанд муддат бедарак шуда буд,” – нақл кард Дилмурод Сатимов.

Ӯро соли 2019 дар Туркия дастгир ва дар Тоҷикистон ба гуноҳи иштирок дар “ҷангҳои таҷовузкорона” ва “ҷиҳод” ба понздаҳ сол зиндон маҳкум кардаанд. Пас аз он ки ба гуфтаи падараш, “телефонӣ ба пайвандон хабар дода буд, дар Туркия аст”. Дар мавриди чӣ гуна аз Ироқу Сурия ба Туркия рафтани ӯ низ иттилое дар даст нест.

“Барои овардани додараш рафта буд”

Аммо пеш аз он, Додгоҳи ноҳияи Спитамен писари калонии оила, Бекмурод Сатимовро баъди бозгашт аз Русия ба гуноҳи фаъолият дар иттиҳодияи ҷиноӣ ҳашт сол аз озодӣ маҳрум намуд. Ба гузориши расонаҳо, ӯ ба пайравӣ аз “Ҳизби Исломии Туркистон” дар Русия гунаҳкор шудааст, вале падараш мегӯяд, “барои овардани бародараш ба Новосибирск рафта буд”.

“Писари калониям дар ҳамин ҷо кор мекард. Ман гуфтам, ки додаратро бин ва ба Тоҷикистон фиристон, аммо муваффақ нашуд,” – гуфт Дилмурод Сатимов.

Ҳоло сиҳатии волидон бад шудааст. Ҳабиба Каломова, модари хонавода, мегӯяд, ба бемории дил гирифтор аст, аммо барои ёфтани рӯзии наберагон дар рӯйи ҳавливу замин кор мекунад. “Писаронам мегӯянд, ягон кори бад накардем, ба хонаи ягон зан бо нияти ноҷо надаромадем, хонаи касеро вайрон накардем. Мо фақат намозҳоямонро нафаҳмида хато хондаем,” – нақл кард ӯ.

Мақомот дар ҳарду маврид хулоса ва ҳукми худро дуруст мешуморанд, чун мегӯянд, гап на танҳо дар тарзи намозгузорӣ, балки пайравӣ аз созмонҳои террористӣ меравад. Ба иттилои расмӣ, 37 сокини ноҳияи Спитамен ба иштирок дар ҷанг дар хориҷа гумонбаранд. Танҳо шаш нафари онҳо аз ҷамоати Истиқлол ҳастанд ва ҳоло таҳти ҷустуҷӯ. Баъзе аз онҳо зану фарзандони худро бурдаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар умум, беш аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон баъди соли 2014 ба Сурияву Ироқ рафта, ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастанд. Дар бораи марги панҷсад нафар ва бозгашту пушаймонӣ ва ҳабси баъзе гузориш шуда, сарнавишти аксари онҳо маълум нест. То кунун беш аз 80 кӯдаки ҷангҷӯёнро аз Ироқ ба Тоҷикистон овардаанд, аммо модарони онҳоро дар Бағдод ба зиндон андохтанд. Гуруҳе дигар аз занону кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷик дар урдугоҳҳои Сурия ҳастанд.