Як додгоҳи низомӣ дар Русия Тоҷиддин Назаров, машҳур бо лақаби "Абу Усомаи Норакӣ"-ро аз Тоҷикистон умрбод аз озодӣ маҳрум кард.
Хабаргузории расмии "РИА Новости" навишт, ҳукм 17-уми июн содир шуд. Додгоҳи низомӣ ҳамчунин ӯро ба пардохти 1,5 миллион рубл ҷарима муваззаф кардааст.
Тоҷиддин Назаровро ба тарҳрезии ҳамла дар наздикии Кремлин ва бинои Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ дар соли 2017 гунаҳкор донистанд. Пештар баъзе аз расонаҳои русӣ навишта буданд, ки ӯ қисман ба гуноҳ эътироф кардааст.
Ба иттилои хабаргузории ТАСС, Тоҷиддин Назаров ё "Абу Усомаи Норакӣ"-ро соли 2019 дар Сурия дастгир ва соли 2020 ба Русия супурданд.
Соле пеш, моҳи майи 2021, панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо "Абу Усомаи Норакӣ" ва омодагӣ ба ҳамла ба Ситоди низомии ГРУ, Хадамоти иктишофии Русия, аз 9 то 17 сол зиндонӣ карда буданд. Бино ба гузориши расонаҳои русӣ, онҳо гуноҳро напазируфтаанд. Якеашон ҳангоми мурофиа парвандаро сохта номидааст.
Тоҷиддин Назаров зодаи шаҳри Нораки Тоҷикистон яке аз мубаллиғони фаъоли гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ буд. Пештар мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки ӯ даҳҳо касро ба сафи созмони тундрав ҷалб кардааст.
Номи ӯ дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Стокҳолм дар соли 2017 низ ҳаст. Ба гуфтаи мақомоти Шветсия, Раҳмат Оқилов, шахсе, ки бо мошини боркаш чанд нафарро дар маркази шаҳри Стокҳолм зер кард, пеш аз ҳамла бо “Абу Усомаи Норакӣ” тамос доштааст.