Талафот ва "беш аз 1000 захмӣ". Нооромӣ дар минтақаи мухтор дар Узбекистон

Тазоҳурот дар Нуқус, маркази Қароқалпоқистон. 1-уми июли 2022

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, рӯзи 3-юми июл гуфт, дар ҷараёни нооромиҳо дар Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон маъмурони интизомӣ ва ғайринизомиён талафот доданд, вале рақами мушаххасеро ба забон наовард.

Пӯлод Охунов, сиёсатмадори мухолиф дар хориҷи Узбекистон, ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст, наворҳо ва тамоси ӯ бо манобеи маҳаллӣ ҳалокати камаш панҷ касро тасдиқ мекунанд. Вай афзудааст, эҳтимол шумораи қурбониён бештар аз ин аст.

Гирифтани иттилои дақиқ аз минтақа мушкил аст, чун дар онҷо дастрасиро ба Интернет ва телефон маҳдуд кардаанд.

Сомонаи хабарии "Дарё" дар Узбекистон рӯзи якшанбе аз қавли Султонбек Зиёев, вазири тандурустии Қароқалпоқистон, навишт, бемористонҳои шаҳри Нуқус пур аз шахсоне ҳастанд, ки дар задухӯрд бо пулис осеб дидаанд. "Бисёре аз маҷруҳон дар бемористон хобидаанд ва таҳти муолиҷа ҳастанд. Ба онҳо ёрии тиббӣ расонда мешавад," – гуфтааст ӯ.

Сомона аз қавли як "мансабдори вазорат" навиштааст, "беш аз 1000 эътирозгар дар ошӯб захмӣ шудаанд." Маълум нест, ин иқтибос аз суханони Султонбек Зиёев аст ё мансабдори дигари Вазорати тандурустии Қароқалпоқистон.

Чаро тазоҳурот сар зад?

Сокинони Қароқалпоқистон панҷ рӯзи охир ба зидди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон эътироз карданд. Матни ислоҳҳо рӯзи 26-уми июн барои баррасӣ ба муҳокимаи умум гузошта шуд. Дар банди вобаста ба мақоми Қароқалпоқистон калимаи "мустақил"-ро бардоштаанд ва дар он ишорае ба ҳаққи ҷудо шудани ин ҷумҳурии мухтор аз қаламрави Узбекистон нест.

Раисиҷумҳури Узбекистон рӯзи 2-юми июл гуфт, ислоҳи панҷ моддаи Конститутсияи Узбекистон, ки ба истиқлоли Қароқалпоқистон пайванд дорад ва боиси норозигии мардум шудааст, "бетағйир гузошта шавад".

Рӯзи 27-уми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳое дида мешуд, ки на камтар аз 100 нафар бо парчами Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар кӯчаҳои Нуқус ҷамъ шудаанд. Тазоҳурот баъди он авҷ гирифт, ки мақомоти интизомӣ Давлатмурод Тоҷимуродов, хабарнигор ва фаъоли маданиро, ки мардумро ба тазоҳурот ба зидди тарҳи нави Конститутсия даъват мекард, дастгир шуд.

Пас аз он ҳазорҳо нафар ба хиёбонҳо баромаданд. Ҳукумат тазоҳуротро ғайриқонунӣ донист ва эътирозгаронро ба «кӯшиши ғасби идораҳои давлатӣ» муттаҳам кард. Сокинон гуфтаанд, аз ислоҳҳои вобаста ба Қароқалпоқистн дар Қонуни асосии Узбекистон норозиянд.

Гила ва вазъи фавқулода

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон, ки 2-юми июл ба Нуқус рафтааст, рӯзи якшанбе эътирозгаронро ба сангпартоиву оташкушоӣ ва ҳамла ба маъмурони ҳифзи ҳуқуқ дар маркази Қароқалпоқистон муттаҳам кард. Ӯ ҳамзамон аз вакилони ҷумҳурии мухтор гила кард, ки тарҳи ислоҳҳоро таҳия намуданд, вале аз норозигии мардум хабардор накарданд. Феълан дар Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон вазъи фавқулода ҷорӣ шудааст ва то 2-юми август идома хоҳад кард.

Ҷумҳурии Қароқалпоқистон 40 дар сади қаламрави Узбекистонро ташкил медиҳад ва аҳолиаш тақрибан 2 миллион нафар аст. Забони расмии он қароқалпоқӣ ва узбекӣ аст. Дар солҳои аввали Шӯравии собиқ Вилояти Мухтори Қароқалпоқистон вуҷуд дошт, ки соли 1936 ба қаламрави Узбекистон ҳамроҳ карда шуд.

Дар оғози солҳои 90-ум, баъди пошхӯрии Шӯравӣ, Шӯрои Олии Қароқалпоқистон Эъломияи истиқлол қабул кард ва соли 1993 аҳдномаи байнидавлатӣ дар бораи ба қаламрави Узбекистон ворид шудани Қароқалпоқистон имзо шуд.

Маҳз дар ҳамин аҳднома ҳаққи берун шудани Қароқалпоқистон аз ҳайати Узбекистон зикр шудааст ва айни чиз дар Конститутсияи Узбекистон низ ҳаст.