Як зан даъво дорад, ки милисаҳо ӯро заданд. Баҳси либос ё сарпечӣ аз амр? ВИДЕО

Элобат Оғалиқова мегӯяд, рӯзи ҷашнро барояш талх карданд

Элобат Оғалиқоваи 60-сола аз ноҳияи Спитамен шикоят дорад, ки ӯро барои шеваи либоспӯшӣ ба ҷашни рӯзи ваҳдат дар ноҳия роҳ надода, бар илова, дар идораи милиса ба сару аъзои дигари баданаш задаанд. Мақомот, баръакс, ӯро ба итоат накардан ба амри милисаҳо муттаҳам карда, эҳтимоли шиканҷа шуданашро рад намуданд. Ҳоло баҳси додгоҳӣ сар шудааст.

Элобат Оғалиқова дар наздикии Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен дар вилояти Суғд зиндагӣ мекунад. Ӯ гуфт, субҳи 27-уми июни имсол хостааст, дар маъракаи расмии бахшида ба ҷашни ваҳдат ширкат кунад, аммо ғайриинтизор маъмурони милиса дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг ӯро дастгир кардаву ба Шуъбаи корҳои дохилӣ бурдаанд.

Натиҷаи ташхис

"Гуфтанд, даромадан мумкин нест. Ба мошин шинонда, якто ба сарам заданд. Дар ҳамон ҷо беҳол шудам. Ба Шуъбаи милиса бурданд. Дар онҷо ҳам ғалтидам. Дар шуъба заданд. Ман чӣ гуноҳ кардам, ки маро мезананд?" – нақл кард ӯ рӯзи 29-уми июн дар суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ.

Ин сокини ноҳияи Спитамен иддао дорад, ки маъмурони интизомӣ ӯро камаш 7 соат бесабаб нигоҳ доштаанд ва дар ин кор се милисаро муттаҳам медонад. “Сарам, ду дастам ва поям осеб дидааст. Ҳозир ду дастам кабуд аст,” – гуфт ӯ.

Даъвои зидди даъво?

Дар шифохонаи ноҳияи Спитамен муроҷиати ин занро бо осори зарби дасту бозувон ва дарди сар бегоҳии рӯзи 27-уми июн сабт кардаанд. Пизишкон гуфтанд, ӯ як шаб дар бемористон хобид.

Дар идораи милиса дар ноҳияи Спитамен боздошти Элобат Оғалиқоваро тасдиқ карданд, аммо латукӯб шудани ӯро рад намуданд.

Дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, нисбати зан бар асоси қисми якуми моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне “итоат накардан ба амри корманди милиса, ки ҳифзи тартиботро таъмин менамояд” санад тартиб додаанд. Ин модда аз 5 то 15 шабонарӯз ҳабс ё тақрибан 200 сомонӣ ҷарима дорад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як зани суғдӣ мегӯяд, милисаҳо ӯро бесабаб заданд

Пайвандони Элобат Оғалиқова мегӯянд, ба зидди маъмурони милиса ба мақомоти болоӣ шикоят бурдаанд. Абдусаттор Қобилов, писари Элобат Оғалиқова, гуфт, “ба Раёсати корҳои дохилӣ рафтем ва нисбати кормандони милиса баёноту арзу шикоят навиштем. Ман барои хонаву нақлиётам андоз месупорам ва аз ин ҳисоб кормандон маош мегиранд. Бояд мақомот моро ҳимояву ҳурмат кунанд.”

Сабаб – либоси сиёҳ?

Дар ҳукумати ноҳияи Спитамен гуфтанд, масъулони маҳаллӣ бо Элобат Оғалиқова ва хонаводааш мушкил надоранд ва муроҷиатҳояшро низ бепосух намемонанд. Аммо ҳеч мақоме ба ин суол посух надод, ки чаро ин зани шастсоларо ба маъракаи бахшида ба ҷашни сулҳ дар Қасри фарҳанги ноҳия роҳ надоданд.

Худи зан сабабашро ба либоси сиёҳи танаш пайванд дод. “Маъмури милиса гуфт, ту куртаи сиёҳ пӯшидаӣ ва туро ба инҷо даъват накардаанд. Даъват накарда бошанд ҳам, мақсадам ба консерт рафтан ва шодию дилхушӣ кардан буд. Нияти бад надоштам. Ба раиси ноҳия ягон арзу шикоят надоштам, чун маро бисёр дастгирӣ кардааст. Писарам мурд, омада кумак кард,” – гуфт ӯ.

Маъракаҳои давлатӣ одатан бо даъвати намояндагони ҳукумат баргузор шуда, на ҳама ба онҳо роҳ дода мешаванд. Мақомот инро бахше аз чораҳои амниятӣ медонанд. Шаҳрвандони ҷудогона на танҳо ба қасрҳои фарҳанг, ҳатто гоҳе ба ҷашнҳои ба ном оммавӣ дар майдон ё варзишгоҳҳо низ роҳ дода намешаванд.