Ҳамсараш Далери Имомалиро дар боздоштгоҳ дидааст, вале бе шарҳ

Далери Имомалӣ, блогери тоҷик.

Пайвандони Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷик, гуфтанд, ки ҳамсараш бо ӯ дар боздоштгоҳ вохӯрдааст.

Ӯ рӯзи 15-уми июн аз тарафи маъмурони Додситонии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе дастгир ва ба "соҳибкории ғайриқонунӣ", "дурӯғпароканӣ" ва "пайравӣ аз созмонҳои мамнуъ" гумонбар аст. Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон раҳоии ӯро хостаанд.

Наздикони Далери Имомалӣ рӯзи 29-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳамсараш 25-уми июн дар боздоштгоҳи муваққатии пойтахт "бо ӯ 10-15 дақиқа дидор дошт." Онҳо бо баёни онки "аҳволи Далер хуб аст", дар бораи вохӯрӣ ҷузъиёт надоданд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Дар ҳамин ҳол, мақомот то ҳол ба пайвандони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори дигари тоҷик, ки ҳамроҳи Далери Имомалӣ боздошт шуд, иҷозаи вохӯрӣ надодаанд. Абдуллоҳ Ғурбатиро ба ҳамла ба маъмури милиса гумонбар мекунанд, вале худи ӯ ин иттиҳомро рад кардааст.

Бо гузашти ду ҳафта аз боздошти ин ду рӯзноманигори шинохта, мақомот ҳеч шарҳи расмӣ намедиҳанд. Ба парвандаи Далери Имомалӣ муҳри махфӣ задаанд ва вакили дифоъ ҳам гуфт, дар бораи ҷузъиёти парванда ҳаққи суҳбат надорад.

Боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ҳамроҳ барои Ютуб гузориш омода мекарданд, вокунишҳои зиёдро дар дохил ва хориҷи кишвар ба миён овард. Чанд созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз мақомот хостанд, иттиҳоми зидди ду блогерро бекор карда, онҳоро озод намоянд. Мақомот дар ин бора чизе нагуфтаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Фишор, таҳдид, боздошт... Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро чӣ интизор аст?Далеру Абдуллоҳ чӣ кор карданд, ки ҳоло паси панҷара ҳастанд? ВИДЕОHRW аз Тоҷикистон хост, блогерҳоро озод кунад ва фишор ба расонаҳоро поён диҳад"Созмонҳои мамнуъ" ҳама гуна ҳамкориро бо Далери Имомалӣ рад карданд. САДО, ВИДЕО"Ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ". Далери Имомалиро ба ҳабс гирифтанд. ВИДЕОВокунишҳо аз дохилу берун. Аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, блогерҳоро озод кунад. ВИДЕО