Файзалӣ Саидов кӣ буд?
Фармондеҳи “Фронти Халқӣ” Файзалӣ Саидовро як гуруҳ мардум ҷинояткори ҷангӣ медонанд, гуруҳи дигар қаҳрамон. “Ба назди мо ба Кӯлоб омад. Ман, Рустами Абдураҳим, Сангак Сафаров, Ҷӯрахон Орипов ва дигарон фаҳмондем, ки бояд якҷоя ҳукуматро барқарор кунем, то халқи тоҷик пароканда нашавад. Файзалӣ Саидов дар ин кор нақши калон дошт,” – нақл кард Иброҳим Исмоилов, аз фармондеҳони пешини “Фронти Халқӣ”.
Огоҳон мегуянд, Файзалӣ Саидов то ба яке аз фармондеҳони “Фронти Халқӣ” табдил шудан, дар доираҳои ҷиноии Тоҷикистон шуҳрат дошт. Як ҳодиса сабаби ба даст гирифтани силоҳ ва ба яке аз фармондеҳони “Фронти Халқӣ” табдил шуданаш гаштааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба нақли рӯзноманигору таърихнигор Нуралӣ Давлат: “Файзалӣ Саидов моҳи июли соли 1992, вақте падарашро гаравгон гирифта, ваҳшиёна куштанд, ба як чеҳраи матраҳи “Фронти Халқӣ” мубаддал гашт. Ба Кӯлоб рафт, кумакаш карданд, силоҳаш доданд. Фикр мекунам, полки русҳо, ки дар Қӯрғонтеппа буд, низ мадад кард. Файзалӣ яке аз нахустин қумондонҳои “Фронти Халқӣ” буд, ки зуд шуҳрат ёфт. Дар тирамоҳи соли 1992 аллакай соҳиби танк буд, БТР, тақрибан 400-500 разманда дошт.”
Баъзе аз шоҳидони дигари ҷанги шаҳрвандӣ аз Файзалӣ Саидов фармондеҳе ном мебаранд, ки “аз хориҷ сармоягузорӣ ва идора мешуд”. Насибҷон Амонӣ, сардабири нашрияи мустақили “Сухан” дар солҳои 90-ум, мегӯяд, “махсусан Файзалӣ Саидов, то ҷое шунидем, бештар ба як қавм хидмат мекард. Ҳадафҳои қавмӣ дошт. Ҷанги дохилии Тоҷикистон бештар ҷанги тоҷиккушӣ буд. Бештар тоҷик кушта шуд. Ба дасти қумондонҳо ва ба дасти онҳое, ки дар ҳамон давра буданд.”
Дар моҳи марти соли 1993 Файзалӣ Саидов ва Сангак Сафаров, раҳбари “Фронти Халқӣ” ба таври мармуз ва гуё ба дасти якдигар кушта шуданд.
Муҳаммадмурод Саидмуродов кӣ буд?
Ҳукумати муросои миллӣ дар моҳи августи соли 1992 Горди миллӣ таъсис дод ва Муҳаммадмурод Саидмуродов, машҳур бо номи "Муҳаммадӣ"-ро фармондеҳи он таъин кард. Ҳадафи ниҳоди нав пешгирӣ аз задухӯрди ду тараф унвон мешуд. Саидмуродов то солҳои ахири ҳукумати Шӯравӣ дар Идораи корҳои дохилии ноҳияи Роҳи оҳани Душанбе кор мекард. Хатмкардаи факултаи таърих буда, дар баъзе доираҳо нуфуз доштааст.
Нуралӣ Давлат мегӯяд: “Инро расман ҳукумат таъйин карда буд ва он қадар чеҳраи шинохта набуд. Мисли Файзалӣ дар набардҳову кушторҳо даст надошт.”
Аз Муҳаммадмурод Саидмуродов “як чеҳраи фарҳангдӯст” ном мебаранд, ки умед доштааст, “пеши роҳи густариши ҷангро бигирад”. Аммо дар нахустин иқдоми ҷилавгирӣ аз нерӯҳои разманда дар моҳи октябри соли 1992 дар Қӯрғонтеппа кушта шудааст.
Рӯзноманигор Равшани Темуриён, ки дар Канада зиндагӣ мекунад ва он солҳо дар вазифаи сухангӯйи ҳукумати муросои миллӣ буд, гуфт, “Муҳаммадмурод Саидмуродов дар Қӯрғонтеппа талош кард, пеши роҳи танкҳоеро бигирад, ки мехостанд манзили сокинонро валангор кунанд.”
“Маҳмурод пеши онҳо баромада, мехост, наздик шавад ва фаҳмонад, ки хонаҳоро чаппа накунанд. Аз рӯйи шуниди ман, наздик мешавад, вале ба тарафаш тир кушода меафтонанд ва бо танк зер мекунанд,” – нақл кард Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва аз фаъолони сиёсӣ дар соли солҳои 90-ум.
Шоҳидони ҳол мегӯянд, маросими видоъ бо Муҳаммадмурод Саидмуродов дар яке аз хиёбонҳои Душанбе баргузор шуда, ӯро дар оромгоҳи Лучоб дафн кардаанд.