Иттиҳоми расмӣ алайҳи Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ. Журналистонро боздошт карданд

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ

Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ, ду рӯзноманигори тоҷик аз сӯи мақомот боздошт шудаанд.

Алайҳи Далери Имомалӣ бо иттиҳомҳои "фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ" ва "дидаву дониста додани хабари бардурӯғ оиди содир шудани ҷиноят" бар асоси моддаҳои 259 қисми 1 ва 346 қисми 2 банди А-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Рӯзноманигор Абдулло Ғурбатиро бар асоси моддаи моддаи 328, қисми 1, яъне "истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият" гумонбар донистаанд.

Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ феълан дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ (ИВС)-и Душанбе нигоҳдорӣ мешаванд.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро рӯзи 15 июн ба додситонии Шоҳмансур даъват ва бегоҳи рӯз боздошт карданд. Ба гуфтаи вакили дифоъ Абдураҳмон Шарипов, Далери Имомалӣ дар бозпурсӣ гуфтааст, он навори баҳсбарангезро баъди пушаймонӣ тоза карда буд. Дар масъалаи соҳибкории ғайриқонунӣ Далери Имомалӣ гуфтааст, гарчанде аъзои ИЖТ бошад, аммо як соли ахир ба фаъолияти блогери машғул буд.

Абдураҳмон Шарифов, вакили дифои журналистон

Вакили дифоъ Абдураҳмон Шарипов гуфт, Далери Имомалӣ тасдиқ кардааст ки давоми як соли ахир ҳарчанд кам, аммо аз фаъолияти блогериаш фоида гирифтааст. Далер гуфтааст, намедонист, ки барои ин фаъолияташ бояд андоз супорад.

Вакили дифоъ афзуд, Абдулло Ғурбатӣ дар вақти бозпурсӣ иттиҳоми алайҳаш эълоншударо рад кардааст. Ғурбатӣ гуфтааст, ягон ният ва мақсади муноқиша бо кормандони милисаро надоштааст.

Вакили дифоъ аз қавли Абдулло Ғурбатӣ гуфт, "маро баъди бозпурсӣ аз бинои ШВКД Шоҳмансур-1 ҷавоб доданд. Дар вақти аз ҳавлии ШВКД баромадан дар назди постгоҳ корманди милиса пеши роҳамро гирифт ва маро дубора баъди пулис дароварданд ва эълон карданд ки ман гӯё корманди милисаро зада бошам."

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки Далери Имомалӣ 4-уми июни имсол баъди як сабти видеоиаш дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур боздошту бозпурсӣ шуд ва ҳам мушт хӯрд. Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ давоми чанд моҳи охир фаъолона дар бораи кори идораҳои мухталифи давлатии Тоҷикистон гузоришҳои видеоии танқидӣ омода мекарданд ва ин барномаҳои онҳо тамошобини зиёд дорад. Ба эҳтимоли зиёд, шикояти бархе мақомот аз гузоришҳои видеоии танқидиву бепардаи Далери Имомалӣ аз кори сохторҳои давлатӣ боиси боздошт шудани ӯ гардидааст.

Ин ҳодиса дар ҳоле рӯй медиҳад, ки рӯзи 6-уми июн даҳ созмони рӯзноманигорӣ ва нашрияҳои мустақилу давлатии Тоҷикистон аз мақомот хостанд, ки сабабгорони латукӯби хабарнигори Радиои Озодӣ Муллораҷаб Юсуфӣ ва блогери шинохта Далери Имомалиро пайдо карда, ҷазо диҳанд. Муллораҷаб Юсуфӣ 17-уми майи имсол латукӯб шуда буд. Мақомот то ҳанӯз дар бораи ин ҳодисаҳо чизе нагуфта, омилонашро ҳам наёфтаанд. Дар изҳорот ба маҳдуд кардани расонаҳо барои бозтоби воқеаҳои ВМКБ; ба бозпурсӣ даъват шудани баъзе хабарнигорон; монеъ шудан ба фаъолияти рӯзноманигорони Радиои Озодӣ – Барот Юсуфӣ, Анушервон Орифов ва Насим Исамов; мусодираи телефону дастгоҳҳои наворбардории онҳо; мусодираи телефону компютери хабарнигори "Азия Плюс" Рамзия Мирзобекова низ ишора шуд.

Муаллифони изҳорот хостаанд, фишору таҳдид ва таъқибу зарбулати хабарнигорон дар Тоҷикистон бас карда шавад , вале айни замон ба рӯзноманигорон тавсия додаанд, “бо дарки манфиатҳои Тоҷикистон, авзои минтақа ва ҷаҳон” меъёри касбиву ахлоқиро риоя кунанд.

Солҳо боз ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии баён танқид мекунанд. Мақомот, баръакс, бовар доранд, ки даҳҳо рӯзномаву маҷалла ва телевизиону радио фаъоланду касе монеи сухани ҳақ нест. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, аз сатҳи озодии матбуот дар кишвар розӣ нестанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Таҳдид ба хабарнигори Радиои Озодӣ. ВКД гуфтааст, дар робита ба ҳамла парванда боз кардДалери Имомалӣ: Ё аз ҳаққи мо дифоъ мекунанд, ё аз саф берун"Бе хабари зиёдатӣ аз Бадахшон!" Расонаҳои Тоҷикистон зери фишоранд ё худсензура?CPJ аз Радиои Озодӣ, "Настояшее Время" ва "Азия-Плюс" ҳимоят кард