Сездаҳ сол қабл мақомот бо тасмими монанд ба ин истифодаи фурӯзонакҳои тасфонро манъ карда буд, ки дар забони мардум чун “чароғи Илич” шинохта шудаанд. Бархе аз соҳибназарон чунин тасмимгириҳои мақомотро хилофи рақобати солим дар бозори Тоҷикистон унвон мекунанд.
Ахиран бо имзои раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сомонаи хабаргузории давлатии “Ховар” қароре нашр шуд, ки бар асоси он аз ин ба баъд воридот ва фурӯши фурӯзонакҳои симобдор дар кишвар манъ мешавад. Ин қарор суолҳоеро дар заминаи қарори соли 2009-и ҳукумат дар бораи истифодаи чароғҳои каммасраф эҷод кард, ки аз он замон то кунун ба таври ҳатмӣ татбиқи онро ҳам аз аҳолӣ ва ҳам аз тоҷирон талаб мекарданд. Он замон мақомот маъракаи бузурги таблиғи фурӯзонакҳои каммасрафро роҳандозӣ карданд.
Мақомоти Тоҷикистон ин навбат ҳам аз қарори пешин ҳимоят карда тасмими навро зарурати замонӣ медонанд.
Файзалӣ Шодмонзода, муовини сардори Раёсати таъминоти метрологии Агентии «Тоҷикстандарт» дар шарҳи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт: “Он замон дар Тоҷикистон камбуди нерӯи барқ эҳсос мешуд. Истифода аз фурӯзонакҳои каммасраф тӯли ин солҳо имкон дод, ки тақрибан 30 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ сарфа шавад.
Ин баробари тақрибан ду соли харҷи нерӯи барқ дар кишвар аст. Он замон фурӯзонакҳои каммасраф пешрафтатарин таҷҳизоти рӯшноидиҳанда дар ҷаҳон маҳсуб меёфт. Ҳоло технологияҳо пешрафт карданд ва таҷҳизоти диодӣ пайдо шуд, ки ҳам ба саломатӣ зарар надорад ва ҳам дар муқоиса бо фурӯзонакҳои тасфон даҳ маротиба камтар нерӯи барқ сарф мекунанд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар озмоишгоҳи “Тоҷикстандарт” ба Радиои Озодӣ шарҳ доданд, ки роҳандозии истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф ҳарчанд чандон безарар набуд, вале аз ноилоҷӣ буд. Зеро, дар муқоиса бо фурӯзонакҳои тасфон, панҷ маротиба камтар нерӯи барқро сарф мекард. Аммо фурӯзонакҳои диодӣ дар муқоиса бо лампаҳои «Иличӣ» (ишора ба Владимир Ленин, пешвои СССР аст, ки таъмини барқро дар кишвар як ҳадафи стратегӣ гуфта буд) даҳ маротиба камтар нерӯи барқро сарф карда, барои саломатии инсон комилан бехатар мебошад.
Соли 2009, баробар бо қарори гузариши ҳатмӣ ба чароғҳои каммасраф ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, ки барои безарар кардани фурӯзонакҳои каммасрафи симобдори корношоямшуда коргоҳи вижае сохта шавад. Аммо бо гузашти 13 сол чунин коргоҳе арзи ҳастӣ накард. Ҳоло мақомот мегӯянд, ки чароғҳи диодӣ мушкили партовҳоро ҳам ҳал мекунад.
Ҳадятуллоҳ Маҳмадназарзода мудири бахши озмоишгоҳи ташхиси таҷҳизоти барқӣ дар “Тоҷикстандарт” аст. Ӯ мегӯяд:
“Фурузонакҳои люминасентӣ ё каммасраф дар дохилаш симоб дорад, ба муҳити зист зарар дорад ва барои несту нобуд кардани онҳо ҷойҳои махсус даркор аст. Ба мардум тавсия медиҳем, ки аз лампаҳои светодиодӣ истифода кунанд ва буҷаи худро сарфа кунанд».
Ҳадятуллоҳ Маҳмадназарзода афзуд, агар шахс барои истифодаи як адад фурӯзанаки тасфон дар як сол ҳудуди сад сомонӣ сарф кунад, барои истифодаи фурӯзонаки диодӣ даҳ маротиба камтар маблағ пардохт мекунад.
Ин дар ҳолест, ки солҳои ахир дар бозорҳои Тоҷикистон пешниҳоди камтари фурӯзонакҳои каммасраф мушоҳида мешавад ва сокинон асосан ба далели зуд-зуд корношояш шудани онҳо навъи диодии онҳоро харидорӣ мекунанд. Бо ин вуҷуд, соҳибназарон мегӯянд, ки мақомот дар ин замина ҳам ба шитобкорӣ даст мезананд ва гузашта аз ин, аҳолиро аз ҳақи интихоб маҳрум мекунанд.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси тоҷик бар ин назар аст, ки интихоби харидории ин ё он навъи маҳсулот бояд ба худи муштарӣ вогузор карда шавад:
“Болои мизе, ки харидорон меоянду мехаранд, бояд ҳам фурузонакҳои каммасраф бошад, ҳам фурузонакҳои диодӣ бошад ва ҳам лампаҳои иличӣ. Демократия ҳамин аст. Ин ҳаққи харидор аст, ки ба кадом мол бартарӣ медиҳад ва кадом молро мехарад. Ин як навъи рақобати носолим дар бозор мебошад.»
Баъди қарори соли 2009 аз ҷумла дар шимоли кишвар ду корхонаи тавлиди таҷҳизоти равшандиҳӣ фаъол карда шуд. Аммо, ба гуфтаи масъулони “Тоҷикстандарт”, бо далели сифати пасти тавлидот ин корхонаҳо натавонистанд то ҳол фаъол шаванд. Дар охири соли 2020 хабар дода шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи муштараки “Ғаюр” бо як ширкати Кореяи Ҷанубӣ барои тавлиди фурӯзонакҳои диодӣ ширкат кард. Он замон гуфта мешуд, ки таъсиси чунин як корхонаи муштарак бо исми мақомоти баландпояи Тоҷикистон ҳамроҳ аст. Тоҷирони ин навъи маҳсулот дар бозорҳо мегӯянд, ки бо гузашти тақрибан ду сол то ҳол маҳсулоти ин корхонаи муштарак пешниҳоди харидорони Тоҷикистон нашудааст ва фурӯзонакҳои диодӣ ҳамчунон аз кишварҳои ҳамсоя вориди бозорҳои кишвар мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Зиёни беш аз суди лампаҳои каммасраф?Суду зиёни лампаҳои каммасрафФурӯши чароғҳои тасфанда низ манъ мешавадЧароғҳои каммасраф ва... серталабҲимояи ҳуқуқ дар Тоҷикистон