"Ҳамааш барои як шахс аст." Тоҷикистонро барои "маршировка" танқид карданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Идомаи "маршировка" дар аҳди пандемия

Як гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид истифода аз нерӯи кӯдакону ҷавонон ва занонро дар маъракаҳои ҳукуматӣ дар Тоҷикистон танқид карда, як навъ “истисмор” номидааст. Шивон Маллалли охири соли гузашта ба Тоҷикистон омада буд ва хулосаашро 8-уми июни имсол нашр кард. Мақомоти Тоҷикистон баръакс иштироки хонандагону донишҷӯёнро дар ҷашнҳои расмӣ мояи ифтихор медонанд.

"Аз миёни ҳазорҳо кас интихоб мекунанд”

Шивон Маллалли, гузоришгари Созмони Милал, нақши Иттифоқҳои касаба ва ҷомеаи шаҳрвандиро барои пешгирӣ аз ҷалби маҷбурии одамон ба маъракаҳои расмӣ муҳим донистааст.

Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон рӯзи 14-уми июн гуфт, ин ниҳод ба ҷалби шаҳрвандон ба чорабиниҳои давлатӣ масъул нест.

Маликшо Неъматзода

Маликшо Неъматзода ҳамзамон афзуд: “Дар Аврупо кор кардаам, мефаҳмам. Дар он ҷой низ чорабинӣ мешавад ва миллионҳо нафарро ҷалб мекунанд. Шеър хондани як кӯдак дар чорабиниҳо барояш ифтихор аст, чун аз миёни ҳазорҳо кас интихоб мешавад.”

Ҳар сол дар Тоҷикистон барои баргузории ҷашнҳое ба монанди Наврӯз, Ваҳдати миллӣ, Истиқлол ва Рӯзи артиш даҳҳо ҳазор донишҷӯ, шогирдони мактабҳову омӯзишгоҳҳо ва баъзан кормандони идораҳои давлатӣ ҷалб мешаванд.

Маъмулан онҳо зери офтобу борон саҳнаҳои таҳияшударо тамрин мекунанд. Дар гузашта аз мавридҳои зиёди бемориву аз ҳуш рафтани хонандагону донишҷӯён ҳангоми машқҳои дастҷамъона гузориш шуда буд.

Моҳи марти имсол хонандаи синфи ҳаштум дар Бохтар Шаҳноза Сафарова, ки ба қавли наздиконаш ба чорабиниҳои наврӯзӣ омодагӣ дошт, аз бемории шушу таби баланд даргузашт. Мақомот ин гуна хабарҳоро тасдиқ намекунанд.

Аз ҷашнҳои бузург то ифтитоҳи як бинои истиқоматӣ

Хайрулло Мирсаидов

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва шореҳи тоҷик, рӯзи 14-уми июн гуфт, “ҳамаи ин танҳо барои як шахс аст – президент. Ҳоло раисиҷумҳур натанҳо ба ҷашнҳои бузург, ҳатто ба ифтитоҳи як бинои истиқоматӣ ҳам меравад. Онҷо ба пешвозаш донишҷӯёну хонандагонро ҷалб мекунанд.”

Ин дар ҳолест, ки вазири пешини маориф баҳсҳои атрофи “маршировка”-ро "хасакӣ" номида, муовини вазири фарҳанг "хости ҷавонон" ва "маҳалли шиносоии ошиқон" хонда буд.

Дилрабо Самадова, мудири Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, мегӯяд, тибқи қонун донишҷӯён ва омӯзгорон наметавонанд, ба корҳои дигаре, ба ҷуз аз таълиму тарбия, ҷалб шаванд. Вай иштироки ҷавононро дар маъракаҳои умумӣ меҳнати маҷбурӣ донист.

Дилрабо Самадова

"Барои ин кор маош намедиҳанд ва онҳоро маҷбуран, бо таҳдиди рондан аз ҷойи кор ё ихроҷ аз донишгоҳ ҷалб мекунанд. Ин аллакай меҳнати маҷбурӣ мешавад," -- афзуд ҳуқуқдон.

Айни замон ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, барои ширкат дар роҳпаймоиҳо ба донишҷӯён натанҳо пул, балки баъзан обу хӯрок ҳам намедиҳанд. Онҳо "маршировка"-ро аз таҷрибаҳои бозмонда аз Шӯравии собиқ медонанд, ки ба гуфтаашон бояд аз он даст кашид. Чизе, ки гузоришгари Созмони Милал ҳам ислоҳашро хостааст, вале маълум нест, мақомот онро мепазиранд ё не.