Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсмен: Иштироки донишҷӯён дар "маршировка" поймоли ҳуқуқи онҳо нест


Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, ҷалби донишҷӯён ба "маршировка" поймолшавии ҳуқуқи инсон нест.

Даҳҳо донишҷӯйи донишгоҳҳои муқими Душанбе ин шабу рӯз барои таҷлил аз 30-солагии истиқлол дар роҳпаймоиҳо машқ мекунанд.

Ҷалби донишҷӯён, ки ба гуфтаи муҳассилин дар аксар ҳолат маҷбурӣ сурат мегирад, интиқодҳои зиёдеро ба миён овардааст. Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ташкили издиҳом дар шароити пандемияи короновирус хавфнок аст, чун метавонад паҳншавии бемории COVID-19-ро тезонад.

Вале Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, рӯзи 15-уми июл дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, иштироки донишҷӯён дар "маршировка" нақзи ҳуқуқи онҳо нест.

“Ин гуна чорабиниҳо на танҳо дар Тоҷикистон, дар кишварҳои дигар низ ҳаст. Ин нақзи ҳуқуқи донишҷӯён нест. Донишҷӯёне, ки дар маршировка ҷалб мешаванд имтиёз мегиранд, ба таътил фаро гирифта мешаванд. Барои ҳамин гуфта наметавонам, ки ин маҳдудият ё нақзи ҳуқуқи инсон бошад”, - иброз дошт Бобозода.

Мақомот дар Тоҷикистон 15 ҳазор донишҷӯйи донишгоҳҳои пойтахтро барои ширкат дар роҳпаймоиҳо ва намоишномаҳои бахшида ба ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон ҷалб кардаанд. Маросим 9-уми сентябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Мақомоти шаҳрдорӣ қаблан гуфтанд, ҳама донишҷӯёне, ки дар маршировкаҳо ширкат меварзанд, ба зидди бемории COVID-19 моякӯбӣ хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG