Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов дар Хоруғ кушта шудаанд

Зоир Раҷабов ва Хурсанд Мазоров

Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов, афроди бонуфуз дар байни сокинони Хоруғро, ки "ба мақомот таслим нашуданд", рӯзи 12-уми июн дар ҷараёни як амалиёт "безарар гардонданд". Пойгоҳи "Pamir Daily News" бо такя ба шахсони наздик ба онҳо навишт, "Мазоров ва Раҷабов худро мунфаҷир карданд". Ба сабаби набудани интернету мушкили иртиботи телефонӣ бо Бадахшон, дарёфти ҷузъиёт ва тасдиқи дурустии фарзияҳо аз манобеи мустақил ғайриимкон аст.

Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Бадахшон рӯзи 12-уми июн дар эъломияе гуфт, амалиёти махсус пас аз он гузаронда шуд, ки Зоир Раҷабов ва Хурсанд Мазоров ба бозпурсӣ ҳозир нашуданд.

Ба иттилои расмӣ, Мазорови 50-сола бар асоси 11 банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризму куштор ва қочоқи маводи мухаддиру қочоқи силоҳ ва Раҷабови 50-сола бар асоси 8 банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризму ғасби бино ва иншооти ҳукуматӣ ва барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ гумонбар буданд.

То ҳол афроди наздик ба онҳо дар ин бора изҳори назар накардаанд.

"Ҳангоми чорабинии дастгиркунӣ Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов ба талаботи воҳидоти таъйиноти махсус дар бораи ихтиёран супоридани худ итоат накарда, муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз норинҷакҳои дастии Ф-1 ва автомати Калашников, истифода намуданд. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткорон безарар гардонида шуданд," – омадааст дар эъломияи Ситод. Онро хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи якшанбе нашр кард.

Тасдиқи он аз манобеи мустақил ғайриимкон аст.

Зоир Раҷабов ва Хурсанд Мазоров аз шахсони наздик ба Имомназар Имомназаров (Имум) ҳастанд. Имомназаров соли 2012 дар Хоруғ ба таври мармуз кушта шуд. Онҳоро дар ВМКБ фаъолони ҷомеа муаррифӣ мекунанд, аммо мақомот ҳамвора "саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноии Хоруғ" ном бурдаанд.

Мақомот бо нашри чанд акс гуфтанд, аз Хурсанд Мазорову Зоир Раҷабов ва даҳ шахси вобаста ба онҳо, аз ҷумла Имомназар Шоиширинов ва Муслим Шерзамонов, чанд силоҳу тирдон ва 700 доллару як дурбини шабона гирифтанд. Назари пайвандон ва афроди наздик ба онҳо дастрас нест. Сомонаи "Pamir Daily News" бо такя ба манобеаш навишт, "сарбозони ниқобпӯш ба хонаи Хурсанд дар қуттиҳо чизе меоранд ва шахсони навор ба даст пайдо шуданд."

Аз ин пеш манобеъ дар Хоруғ гуфта буданд, рӯзи 12-уми июн дар маҳаллаи "Тирчид" ё УПД-и маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалиёти махсус шуруъ шудааст. Як манбаъ бе зикри ном гуфт, "роҳ ба маҳалаи Тирчид аз чанд тараф баста шуда, садои тирпаронӣ шунида мешавад ва шахсони ниқобпӯш хона ба хона Хурсанд Мазоров, Зоир Раҷабов ва шахсони ба онҳо наздикро мекобанд."

Боздошту маҳкумият ва...

Мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 11-уми июн гуфтанд, ки Толиб Айёмбеков, Мунаввар Шанбиев ва Ниёзшо Гулобов, се тан аз чеҳраҳои бонуфуз дар миёни ҷавонони Вилояти Бадахшонро дастгир карданд. Мамадбоқир Мамадбоқирв, яке аз чеҳраҳои шинохта дар Хоруғ, моҳи майи имсол дар шароити мармуз кушта шуд. Амриддин Аловатшоев ба 18 сол зиндон маҳкум шудааст.

Боздошту маҳкумият ва кушта шудани раҳбарони ба истилоҳ ғарийрасмӣ дар Бадахшон ба дунболи нооромиҳои моҳи майи имсол дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон сурат мегирад.

Оғози нооромиҳо

Баъди як тазоҳуроти олуда бо хушунат дар Хоруғ дар рӯзи 16-уми май, ки бо марги як ҷавон анҷомид, ҳукумати Тоҷикистон ба минтақа нерӯҳои махсусро фиристод, то ба гуфтаи мақомот амалиёти “зиддитеррористӣ” анҷом диҳанд. Дар натиҷа, рӯзи 18-уми май дар ноҳияи Рӯшон чандин нафар куштаву захмӣ шуданд.
Танишҳо дар Бадахшон моҳи ноябри соли гузашта ва баъди он авҷ гирифт, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятӣ Гулбиддин Зиёбеков, як сокини Роштқалъа, кушта шуд. Дар ҷараёни тазоҳуроте, ки баъди он бархост, ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд ва 17 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Тазоҳуроти рӯзи 16-уми май низ бо талаби ҷазо додани онҳое бархост, ки ба гуфтаи сокинон Зиёбековро бегуноҳ куштанд. Мақомот мегӯянд, ки Зиёбеков ба гаравгонгирӣ, барангехтани маҳалгароӣ муттаҳам мешуд ва ҳангоми муқовимат ба нерӯҳои интизомӣ кушта шуд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тазоҳурот ғайриқонунӣ буд ва тазоҳургаронро аъзои гуруҳҳои ғайриқонуние номидаанд, ки ба гуфтаи онҳо аз хориҷ барои ноором кардани кишвар дастур мегирифтанд. Мардум мегӯянд, барои ҳимояти ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд ва дар даст силоҳе надоштанд.
Чандин созмони ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон ибрози нигаронӣ карда, аз ҷонибҳо хоста буданд, оштӣ кунанд ва аз мақомот талаб намуданд, ки аз истифодаи зиёди нерӯву силоҳ худдорӣ варзанд.