Надонистани забон ё?
Натиҷаҳои таҳқиқ рӯзи 1-уми июн дар Душанбе муаррифӣ шуд. Пурсишро созмонҳои "Машварати расонавӣ" ва "Зеркало" бо сармоягузории сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар миёни 2,5 ҳазор нафар ва дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гузарондаанд.
Як хулосаи имсолаи таҳқиқот чунин аст, ки ҳаводорони телевизиони русӣ назар ба соли 2019 дар Тоҷикистон камтар шудааст: "Аввалин бор шабакаи телевизионии "Россия" дарҳол дар мақоми сеюми радабандӣ қарор гирифт ва шабакаи "НТВ" ба ҷои панҷум фаромад," -- омадааст дар хулосаи таҳқиқот.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бар асоси он, аз телевизионҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аввал “Gem TV”, дувум телевизионҳои Узбекистон ва баъдан шабакаҳои русӣ маъруфият доштаанд. Гуруҳи шабакаҳои “GemTV” бо забони форсӣ хориҷ аз Эрон барнома пахш мекунад ва дар Тоҷикистон асосан ба хотири пахши силсилафилмҳояш маъруф аст. Дар гузашта ин вазифаро бахши фарҳангии телевизиони "Тулуъ"-и Афғонистон иҷро мекард.
Сокинони минтақаҳои наздимарзӣ дар таҳқиқот гуфтаанд, телевизионҳои “Узбекистон”, “Зур ТВ” ва “Ёшлар”-ро "ба хотири барномаҳои ҷолибаш тамошо мекунанд".
Набӣ Юсупов, мудири созмони “Машварати расонаӣ” ва аз муаллифони пажӯҳиш, мегӯяд, як сабаби кам шудани таваҷҷуҳ ба шабакаҳои русӣ, “коҳиши забондонӣ дар миёни насли наврас аст”.
Аммо ба гуфтаи муаллифони дигари таҳқиқот, сарфи назар аз коҳиши бинандаҳо таъсири телевизионҳои Русия ҳамоно дар Тоҷикистон густарда мондааст. Қаҳрамон Бақозода, мудири маркази “Зеркало” мегӯяд, “мо дида истодаем, ки таъсири воситаҳои ахбори оммаи Русия пурра мондааст. Яъне мардум ҳамон гапе, ки ВАО-и Русия дода истодааст, нарезондаву начаконда дар бозору гуфтугӯи ҳаррӯзаашон истифода мебаранд.”
Иштирокдорони таҳқиқот гуфтаанд, баъди ба қудрат расидани Толибон, шабакаҳои Афғонистонро камтар тамошо мекунанд. Сокинон сабаби инро дар зиёд шудани барномаҳо ба забони забони паштуӣ гуфтаанд.
“Барномаҳоро мувофиқ ба талаби мардум бояд сохт”
Бар асоси хулосаҳои таҳқиқоти “Афзалиятҳои расонавии аҳолӣ”, телевизион ҳамчунон воситаи асосии иттилоърасонӣ дар Тоҷикистон мемонад. Шабакаҳои давлатии “Телевизиони Тоҷикистон” ва “Сафина” ҳамоно аз нуфузи густурда дар кишвар бархӯрдоранд. Аммо муаллифони таҳқиқот навиштаанд, агар дар дохили мамлакат ва минтақаҳои марзӣ ба телевизионҳои беруна талабот аст, пас, роҳбарони ВАО-и ватанӣ мундариҷаи барномаҳои худро таҳлил кунанд.
“Яъне зарур аст, муҳтавои худро ба муҳтавои хориҷӣ муқоиса карда, барои омодаву пахши барномаҳо шароит фароҳам оварда шавад, то ки муҳтаво ба талаботи аҳолии кишвар ҷавобгӯ бошад,” -- омадааст дар хулосаҳои пажӯҳиш.
Нуридддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, гуфт: “Расонаҳои давлатӣ ва мустақил муҳтавои барномаҳои худро ҳар чи бештар дархури зиндагии мардум кунанд. Дар ин сурат онҳо метавонанд дар таъмини амнияти иттилоотии кишвар саҳм дошта бошанд.”
Дар Тоҷикикистон 15 шабакаи телевизионии давлатӣ ва 18 телевизиони хусусӣ амал мекунад. Шабакаҳои давлатӣ аз имкониятҳои калон бархӯрдоранд ва дар аксар минтақаҳо дастрасанд. Мунтақидон мегӯянд, телевизионҳои давлатӣ, ки аз ҳисоби андози мардум кор мекунанд, танҳо ба таърифу тавсифи ҳукумат машғуланд ва аз инъикоси мавзуъҳои муҳим худдорӣ меварзанд. Масъулини Кумитаи телевизион ва радио инро рад мекунанд.
“Вазъи расонаҳои чопӣ бадтар шуд”
Пажӯҳиши афзалияти расонаӣ дар Тоҷикистон нишон додааст, ки вазъи расонаҳои чопӣ дар Тоҷикистон дар давраи пандемия бисёр бад шуда, чандин газета, аз ҷумла “Чархи гардун”, “Дайджест пресс” ва ғайра аз чоп мондаанд.
68 дарсад аз 2,5 ҳазор пурсидашуда дар таҳқиқот гуфтаанд, рӯзнома намехонанд. Наздики 30 дарсади пурсидашудаҳо сабаби газета нахондани худро дар он шарҳ додаанд, ки хабарҳоро аз интернет мегиранд.
Бар асоси хулосаҳои тадқиқоти “Афзалиятҳои расонавии аҳолӣ”, сокинон дар Тоҷикистон асосан ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид мешаванд. Ду дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ба сомонаи Радиои Озодӣ ва 1,2 дарсад гуфтаанд, ба сомонаи “Азия-Плюс” ворид мешаванд.
Вале муаллифони таҳқиқот навиштаанд, “фаромӯш кардан лозим нест, ки дар солҳои ахир Озодӣ ва Азия-Плюс тавонистанд дар саҳифаҳои худ дар Ютуб, Фейсбук, Инстаграм ва Телеграм шумораи бузурги мухлисонро ҷамъ кунанд. Яъне, аудиторияи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ тақсим шудааст ва агар онро дар як ҷо ҷамъ оварем, шумораи бузурге ҳосил мешуд ва ҷойи онҳо метавонист дар панҷгонаи аввали пешсафон бошад.”
“Миёни расонаҳои давлатӣ ва хусусӣ рақобат нест”
Муаллифони пажӯҳиш дар хулосаҳои худ навиштаанд, дар Тоҷикистон миёни расонаҳои давлатӣ ва мустақил рақобати воқеӣ нест. Муаллифон мегӯянд, агар расонаҳои давлатӣ ва мустақил дар Тоҷикистон аз имкониятҳои баробар бархӯрдор мебуданд, маълум нест, ки таъсири расонаҳои давлатӣ чӣ қадар мебуд.
“Пас барои рушди ҳамаи расонаҳои кишвар шароит фароҳам овард ва бо ин амнияти фазои расонаии Тоҷикистонро тақвият бахшидан лозим аст,”-омадааст дар хулосаи пажӯҳиш.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва рӯзноманигорони мустақил борҳо аз маҳдуд шудани озодии баён дар кишвар нигаронӣ кардаанд. Аммо мақомот ҳамвора ин танқидҳоро рад карда мегӯянд, дар кишвар барои фаъолияти озодонаи расонаҳо шароити зарурӣ фароҳам аст.