Арзёбиҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, ин аст, ки дар Тоҷикистон сол то сол озодиҳои сиёсиву ҳуқуқи инфиродӣ маҳдуд мешаванд ва матбуоти мустақил баставу созмонҳои камтари ҷамъиятӣ омода ҳастанд аз ҳуқуқи шаҳрвандон дифоъ кунанд.
Пурсиш аз мардум: Оё ҳуқуқи одамон дар Тоҷикистон риоя мешавад?
Арзёбиҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, ин аст, ки дар Тоҷикистон сол то сол озодиҳои сиёсиву ҳуқуқи инфиродӣ маҳдуд мешаванд ва матбуоти мустақил баставу созмонҳои камтари ҷамъиятӣ омода ҳастанд аз ҳуқуқи шаҳрвандон дифоъ кунанд. Аз ҷумла, арзёбиҳои созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch аз соли 2021 дар Тоҷикистон ин аст, ки мақомот ҳамоно ҳуқуқшиносони мустақил, журналистон ва пайвандони фаъолони сиёсиро, ки дар хориҷа ба сар мебаранд, ҳадаф қарор доданд. Мақомот дар Тоҷикистон бо чунин арзёбиҳо розӣ нестанд. Вале оё мардуми оддӣ дар бораи риоя шудани ҳуқуқи худ чӣ мегӯяд? Посухҳоро дар видео бинед.