Дабирони шӯроҳои амнияти ҳашт кишвар рӯзи 27-уми май дар Душанбе гуфтанд, "оромӣ ва рушди Афғонистон ба манфиат аст", аммо ҳамзамон афзуданд, ки "набояд ба вазъи дохилии он кишвар дахолат кард". Гуруҳи тундрави "Толибон" моҳи августи соли 2021 ҷилави қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. То кунун ҳеч кишваре ҳукумати навро ба расмият нашинохтааст.
Ба нишасти дабирони шӯрои амнияти Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон хабарнигоронро даъват накарданд. Тафсилоти гуфтугӯ маълум нест. Чизе, ки то ин дам ба даст омадааст, изҳороти хулосавии дабирони шӯрои амният аст.
Онҳо гуфтаанд, "ҳама ҷонибҳо бояд муколама ва иртиботро бо Афғонистон идома дода, барои таъсиси ҳукумати фарогир, пеш гирифтани сиёсати устувору муътадили дохиливу хориҷӣ ва рушди муносибатҳои дӯстона бо тамоми кишварҳо, бахусус бо кишварҳои минтақа ба Кобул мадад расонанд". Намояндагони ҳашт кишвари минтақа, инчунин, аз ҳокимони нави Афғонистон даъват кардаанд, ба ҳуқуқ ва озодиҳои мардум, сарфи назар аз қавму қабилаашон эҳтиром гузоранд.
Нигаронӣ аз фаъол шудани террористон дар Афғонистон
Дар изҳороти поёнии нишасти Душанбе ба нигарониҳо аз фаъолияти гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон ҳам ишора шудааст. Дабирони шӯрои амният аз гуруҳи Толибон хостаанд, "барои аз байн бурдани ҳама гуна гурӯҳҳои террористӣ, қатъи ҳаракати тамоми созмонҳои террористӣ, барҳам додани лагерҳои таълимии онҳо", чора андешанд.
"Сарони ҳайатҳо таъкид карданд, ки фаъолияти гуруҳҳои террористии байнулмилалӣ дар Афғонистон, паноҳгоҳ ва омӯзиши додани онҳо, ҳамчунин тарҳрезӣ ва маблағгузорӣ кардани ҳамагуна амали террористӣ алайҳи кишварҳои минтақа, ғайри қобили қабул аст", -- омадааст дар изҳороти поёнии нишасти Душанбе.
Бар асоси ҳамин изҳорот, дабирони Шӯрои амният ҳамчунин "аз имкони вуруди террористон ва дигар унсурҳои тахрибкор ба қаламравҳои кишварашон таҳти ниқоби паноҳандагон аз Афғонистон", нигаронӣ кардаанд.
Дар нишасти дабирони шӯрои амният дар Душанбе, ташаббуси Тоҷикистон дар бораи таъсиси "камарбанди амниятӣ" дар атрофи Афғонистон баррасӣ шудааст. Аммо дақиқ нагуфтаанд, ки намояндагони кишварҳои минтақа то куҷо аз ин пешниҳоди Тоҷикистон тарафдорӣ карданд. Намояндагони ҳукумати Толибон пештар норозигии худро ба ин пешниҳоди Тоҷикистон баён карда гуфта буд, иҷоза намедиҳад, аз хоки Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла сурат гирад.
Таъкид ба ташкили ҳукумати фарогир
Хабаргузории ИРНА менависад, Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои амнияти Эрон дар нишасти Душанбе аз хатарҳои афзоянда аз Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст. Шамхонӣ гуфт, кишвараш далелҳое дар даст дорад, ки “баъзе давлатҳои кишварҳои минтақа ва фароминтақа дар интиқол ва роҳнамоии террористон ба Афғонистон" даст доранд. Аммо ӯ аз ягон кишвари мушаххас ном набурд.
“Албатта, барои муқобила бо ин мушкил бояд кишварҳо, ба вижа роҳбарони Афғонистон масъулият дошта бошанд. Эҳсоси табъиз ва маҳрумият аз ҳуқуқ дар бахшҳои мухталиф яке аз аслитарин заминаҳое аст, ки иҷозаи суистифодаро ба гуруҳҳои террористӣ медиҳад ва бояд бистарҳои чунин балоеро аз байн бурд," - гуфтааст Алии Шамхонӣ.
Дабири Шӯрои амнияти Эрон дар Душанбе бори дигар ба ташкили ҳукумати ҳамашумул ё фарогир дар Афғонистон таъкид кард. Тоҷикистон ва бисёр аз кишварҳои ҷаҳон низ хоҳони ташкили ҳукумате дар Афғонистон ҳастанд, ки намояндагони ҳама қавму гуруҳҳои сиёсиро дарбар гирад. Ба навиштаи ИРНА, Алии Шамхонӣ дар Душанбе гуфтааст, агар ақвом ва гуруҳҳои Афғонистон худро дар ҳукумат шарик набинанд, як қисми мушкилоти ин кишвар мемонад.
Нишасти Душанбе даври чоруми машваратҳои бисёрҷонибаи котибони шӯроҳои амният оид ба масъалаи Афғонистон аст. Ин нишаст як рӯз давом кард. Афғонистонро касе дар ин нишаст намояндагӣ накард. Ҳукумати Толибон то ҳол аз сӯи ҳеч кишваре ба расмият шинохта нашудааст.
Толибон чӣ гуфтанд?
Ба навиштаи хабаргузории эронии "Тасним", Толибон ҳангоми истиқбол аз нишасти амнияти кишварҳои минтақа дар бораи Афғонистон, хостори робитаи мустақими ҷаҳон бо ҳукумати онҳо шуда ва гуфтаанд, ки ҷорӣ кардани фишорҳо бенатиҷа мебошанд.
Суҳайл Шоҳин, раиси Дафтари сиёсии Толибон дар Қатар, дар бораи ин нишаст таъкид кард, ки ҳайати раҳбарии ҳукумати онҳо иҷоза намедиҳад хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои дигар истифода шавад. Вай афзуд, "агар касе мавзӯе дорад, омодаем, аз тариқи роҳҳои сулҳомез сӯҳбат кунем ва онро ҳал кунем".
Ӯ ба "Times India" гуфтааст, "мо дӯст дорем Афғонистон ба як маркази тиҷоратӣ табдил шавад, барои ҳамин мехоҳем бо ҳама робита ва ҳамкориҳои хуб дошта бошем".
Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки нигарониҳо аз вазъи Афғонистон баъди ба қудрат расидани Толибон зиёд шудааст. Аз ҷумла Аҷет Дувол, дабири Шӯрои амнияти Ҳинд як рӯз пеш дар дидор бо ҳамтои эрониаш дар Душанбе, аз фаъолияти гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон нигаронӣ кард.
Гуруҳи Толибон, ки нӯҳ моҳ пеш қудратро дубора дар Афғонистон ба даст гирифт, борҳо ваъда додааст, ки намегузорад хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои ҳамсоя истифода шавад. Бо назардошти хабарҳо дар бораи ҳамлаҳои ахири мушакӣ ба Узбекистон ва Тоҷикистон, ба ваъдаи Толибон камтар бовар мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Бандари тиҷоратии миёни Тоҷикистону Афғонистон боз шудФармони нави Толибон: "Занҳо дар телевизион чеҳраи худро бипӯшонанд"Афғонистон аз барқи Тоҷикистону Узбекистон $100 млн қарздор шудаастТолибон даҳҳо мошину ронандаро аз Тоҷикистон "доштаанд". Муҷоҳид сабабашро гуфт. ВИДЕО