Гузаргоҳи Панҷи Поён ва Шерхон Бандар, ки Тоҷикистону Афғонистонро бо ҳам мепайванданд, боз шудааст. Ин бандари муҳими тиҷоратӣ 13 рӯз пеш баста шуда буд.
Як масъули Идораи гумруки Хатлон рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта рафтуомад тавассути гузаргоҳ оғоз шуд. Ба гуфтаи вай, мошинҳо аз тарафи Тоҷикистон ба тарафи Афғонистон ангишт ва семент бурданд.
Як ронандаи афғонистонӣ ҳам дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки рӯзи гузашта рафтуомад тариқи ин гузаргоҳ оғоз шуд ва ронандагони тоҷику афғон тавассути пули "Дӯстӣ" ба боркашонӣ оғоз карданд.
Масъулони Идораи гумруки Афғонистон дар Шерхон-Бандар ҳам рӯзи 23-юми май ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки гузаргоҳи марзии мазкур барои рафтуомади тоҷирону амволи онҳо боз шуд.
Калимулло Муҷоҳид, раиси гумруки Шерхон-Бандар, гуфт, пас аз ин тоҷирон ва ронандагони Тоҷикистон метавонанд бо дарёфти визаи Афғонистон дар қаламрави ин кишвар рафтуомад кунанд.
Ӯ афзуд, "гузаргоҳ ба он хотир баста шуда буд, ки ҷониби Тоҷикистон ҳашт моҳ боз ҳатто ба афғонҳое, ки виза доштанд, иҷозаи дохил шудан намедод. Дар ҳоле ки аз тарафи Тоҷикистон мошинҳо ва афрод иҷоза доштанд, ба дохили Афғонистон биоянд."
Вай илова кард, ҳоло Тоҷикистон ваъда додааст, ки равиши ҳамсон хоҳад дошт. Масъулони гумруки Хатлон то ба ҳол ба ин гуфтаҳои ин раиси гузаргоҳи Шерхон Бандар вокуниш накардаанд.
Ҳангоми баста будани марз, даҳҳо ронандаи тоҷик бо мошинҳои худ дар қаламрави Афғонистон банд монда буданд.
Панҷи Поён ва Шерхон Бандар яке аз муҳимтарин гузаргоҳҳои марзӣ миёни ду кишвар ба шумор меравад ва рӯзона даҳҳо мошини борбар аз он убур мекунанд.