Дастури нави Толибон дар бораи тарзи либоспӯшии муҷрӣ ё барандагони зан дар телевизионҳои Афғонистон вокунишҳоеро ба миён овардааст.
Як масъули бахши занон дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар Твиттер навишт, амалкарди Толибон барои берун кардани занон аз зиндагии иҷтимоӣ ва фаъолиятҳои рӯзмарра, ба суръат дар ҳоли афзоиш аст.
Масъулини телевизионҳои хусусӣ дар Афғонистон маҷбур шудаанд, то ҳузури муҷриёни занро дар барномаҳои худ тибқи дастури нав омода бисозанд.
Шаҳзод Акбар, раиси пешини Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон, дар вокуниш ба ин иқдоми Толибон дар "Твиттер" навишт, ниме аз сокинони Афғонистон гурусна ба хоб мераваанд, таркиш, қатл ва худкушӣ рӯзона дар ин кишвар рух медиҳад ва дар ин вазъият ба гуфтаи ӯ, авлавияти ҳукуматдорон, ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо ба мӯй, рӯй ва либоси занон аст.
Муҷриёни зан дар телевизионҳои хусусии Афғонистон рӯзи гузашта бо чеҳраҳои пӯшида дар барномаҳо зоҳир шуданд. Бархе аз ин телевизионҳо мегӯянд, ки Толибон дастур додаанд, ки ҳамаи муҷриёни зан дар ҳангоми иҷрои барномаҳо рӯйҳояшонро бипӯшонанд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, дар гуфтугӯ бо расонаҳо аз ин амалкард ҳимоят карда, гуфтааст, "хоҳиши мо ин аст, ки хоҳарони мо ҳиҷобро риоя кунанд. Ин як амри динӣ аст, ки ба иффат ва иззаташон кӯмак мекунад ва коре нест, ки таҳдид дониста шавад. Шумо огоҳӣ доред, ки қаблан коронавирус омад ва ҳамаи мардум маҷбур ба ниқоб пушидан шуда буданд. Агар амри динӣ чунин як чизе бошад, чӣ мушкиле аст"?