Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё HRW мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон бояд истифодаи силоҳро аз сӯи пулис дар нооромиҳои моҳи май дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мушикофона таҳқиқ кунанд, ки сабаби кушта ва захмӣ шудани эътирозгарон гаштааст. Дар изҳороти наве, ки ин созмон рӯзи 26 май нашр кард, ҳамчунин гуфта шудааст, ки мақомот бояд зӯровариҳоро ба зидди эътирозгарон дар шаҳрҳои Хорӯғ ва Рушон, ки аз сӯи мақомати марказии Тоҷикистон “ҷангҷӯ” ва “узви гуруҳҳои террористӣ” номида шудаанд, зуд поён диҳанд.
Изҳороти ин созмони дидбони ҳуқуқи башар дар ҳоле нашр мешавад, ки мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, моҳи май дар ВМКБ тазоҳуроти ғайриқонунӣ барпо шуд ва тазоҳургаронро аъзои гуруҳҳои ғайриқонуние номидаанд, ки ба гуфтаи онҳо, аз хориҷ барои ноором кардани кишвар дастур мегирифтанд. Дар натиҷа, даҳҳо нафар кушта ва беш аз сад нафар дастгир шудаанд. Шарҳу тавзеҳоти мақомот баҳсбарангез шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомот гуфтанд, ки дастикам 46 сокини вилоят дар робита бо эътирозҳои 16 то 19 май боздошт шудаанд. Дар миёни онҳое, ки бо иттиҳоми ташкили ин эътирозҳо ба ҳабс гирифта шудаанд, фаъоли маданӣ Улфатхоним Мамадшоева ҳам мебошад.
Сийнат Султаналиева, як муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch мегӯяд, “шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти мухтор аз ҳаққи худ ба озодии баён ва ҷамъомади осоишта зидди поймол шудани ҷомеаашон истифода бурданд ва полис бо нирӯи барзиёд дастбакор шуд”. Ӯ гуфт: “Мақомот дар Тоҷикистон бояд фавран озори эътирозгаронро бас карда, аз пайи таҳқиқи ҳолатҳои азияти онҳо шаванд ва шабакаҳои иртиботиро бо минтақа барқарор карда, имкон диҳанд, ки шаҳрвандон ба иттилоъ дастрасӣ дошта бошанд”.
Мақомот ба ин изҳорот ва ҳам талабҳои аз ин пеши ҳомиёни ҳуқуқу кишварҳои ғарбиву аврупоӣ, ки хушунатҳои ВМКБ-ро интиқод кардаанд, посухе надоданд. Аз ин пеш чанд созмони дигар, аз ҷумла Бунёди Ҳелсинкӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Лаҳистон, Ҳамкории Байнулмилалӣ барои ҳимоят аз ҳуқуқи башар, Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ ва Созмони Ҷаҳонии зидди шиканҷа аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ба саркӯби хушунатомез ва таъқиби эътирозгарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон поён дода, имдодгарони Кумитаи Салиби Сурх ва ҳомиёни ҳуқуқи башарро барои назорати вазъ ба ноҳияи Рӯшон роҳ бидиҳад.
Инчунин аз мақомоти тоҷик хостанд, ки журналист ва ҳомии ҳуқуқ Улфатхоним Мамадшоеваро низ “фавран ва бидуни ҳеч қайду шарт” озод ва иттиҳомҳои ба зидди ӯро бекор кунад. Мамадшоеваро 18-уми май дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон дастгир ва ба даъват ба сарнагунии ҳокимият гумонбар донистанд. Чизе, ки ӯ ҳамагӣ чанд соат пеш аз боздошташ дар сӯҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ беасос номида буд.
Танишҳо дар Бадахшон моҳи ноябри соли гузашта ва баъди он авҷ гирифт, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятӣ Гулбиддин Зиёбеков, як сокини Роштқалъа, кушта шуд. Дар ҷараёни тазоҳуроте, ки баъди он бархост, ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд ва 17 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тазоҳуроти рӯзи 16-уми май дар Хоруғ низ бо талаби ҷазо додани онҳое бархост, ки ба гуфтаи сокинон Зиёбековро бегуноҳ куштанд.
Мақомот мегӯянд, Зиёбеков ба гаравгонгирӣ, барангехтани маҳалгароӣ муттаҳам мешуд ва ҳангоми муқовимат ба нерӯҳои интизомӣ кушта шуд. Баъди як рӯзи тазоҳуроти олуда бо хушунат дар Хоруғ, ки бо марги як ҷавон анҷомид, ҳукумати Тоҷикистон ба онҷо нерӯҳои махсусро фиристод, то ба гуфтаи мақомот амалиёт анҷом диҳанд.