Мақомоти ВМКБ ба мардум: "Дар пайдо кардани шаш ҷавони фирорӣ кӯмак кунед"

Мақомот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз сокинон ва фаъолон хостаанд барои пайдо кардани, ба гуфтаи онҳо “раҳбарони гурӯҳҳои террористӣ”-и ноҳияи Рӯшон, ки дар кӯҳҳои Вамар панаҳ бурдаанд, бо онҳо ҳамкорӣ кунанд. Ин дархост дар ҷаласаи раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов бо роҳбарону фаъолони вилоят садо додааст, ки хулосаи онро телевизиони вилоятӣ рӯзи 22 май нашр кард. Телевизион Бадахшон бо нашри ин хабар аз номи мақомот дигарбора таъкид кардааст, ки “6 ҷавони вобаста ба ҳодисаҳои ахир дар пайгард қарор дошта, бояд довталабона худро супоранд ва нисбаташон ҷазои сабук татбиқ хоҳад шуд”. Мақомот ҳамчунин аз афроди соҳибэҳтироми Бадахшон хостаанд бо сокинони маҳаллаи Хоруғи Боло сӯҳбат ва барои боз кардани роҳи мавзеи Чинак мусоидат намоянд. Дар ин ҷаласа гуфта шудааст, ки бо дархости раҳбари Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншоҳ Назаршоев ва Раёсату идораҳои муассисаҳои дигари таълимӣ раиси вилоят барои пайваст шудани ин муассисаҳо ба интернет дастур додааст. Ба намояндаи Агентии захираҳои моддӣ дар Вилоят дастур дода шуд, ки ба деҳаҳои дурдасти ноҳияҳои Роштақалъаву Шуғнон орду равған ва дигар мавҳсулоти ниёзи аввалро интиқол диҳанд. Ин дар ҳолест, ки сокинони Бадахшон баъди ҳодисаҳои ахири Рӯшону Хоруғ аз камбуди ғизо шикоят мекарданд. ​Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки рӯзи 22 май мақомот гуфтанд, яке аз раҳбарони ғайрирасмии маҳаллӣ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқир кушта шудааст. Ҷузъиёти ҳодисаи кушта шудани ӯ нашр намешавад. Тибқи хабарҳои охир, нерӯҳои давлатӣ талош доранд аз ҷамъомади мардум дар назди хонаи Маҳмадбоқиров пешгирӣ кунанд. Даҳҳо нафар аз мавзеъҳои дигари ВМКБ талош доранд ба маҳаллаи Бархоруғ ворид шаванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров кушта шуд. ВИДЕОРӯшон баъди "амалиёт". "Оромии нисбӣ ҳаст, нигаронӣ ва гаронӣ ҳам"Як созмони мухолифин боздошти Мамадшоеваро маҳкум кард