Нигарониҳо аз сарнавишти мудофеони «Азовстал». Русия хостори «додгоҳ» аст  

Поёни "Азовстал". Аксҳоро Дмитрий Козатский (Орест) пеш аз ба дасти Русия гузаштани он бардоштааст.

Дар паи ба ҳабс афтодани даҳҳо сарбози украинӣ, ки  ба дифоъ аз корхонаи пӯлодгудозии «Азовстал» баланд шуданд, нигарониҳо аз сарнавишти онҳо боло мегирад.

Корхонаи воқеъ дар шаҳри Мариупол ва соҳилҳои баҳри Азов давоми чанд ҳафта мавриди набардҳои шадиди миёни нирӯҳои украиниву рус қарор дошт. Дар умум дар ин шаҳри саноатӣ 20 ҳазор нафар кушта шудаанд. Леонид Слутский, раиси Ҳизби либерал-демократии Русия ва ҳам раиси Кумитаи умури байналмилалии Думаи давлатӣ рӯзи 22 май гуфт, ки сарнавишти сарбозони дастгиршударо, ки аксарашон узви ташаккули миллатгарои Полки Азов мебошанд, “бояд додгоҳ муайян кунад”. Слутский дар Телеграм-канали худ навишт: “Мавқеи ман дигар нашудааст: набояд ҳеҷ гуна табодули аъзои Полки Азов, ки дар Русия мамнӯъ мебошад, барпо шавад”. Мақомоти украиниву хешовандони ин сарбозҳо аз Маскав тақозо карданд, ки бо нафарони боздоштшуда мисли асирони ҷанг муносибат шавад. Муовини нахуствазири Украина Ирина Верешук рӯзи 21-уми май гуфт, ки Киев “барои баргардонидани ҳар як нафари онҳо мубориза хоҳад бурд”. Рӯзи 20-уми май вазорати дифои Русия корхонаи “Азовстал”-ро пурра ишғол кард. Украина ин ҳодисаро “таслимшавӣ” неву “берун рафтан” номидааст.

Русия гуфт, ки дар корхона 2500 сарбози украинӣ боздошт шудаанд. Денис Пушилин, раиси гурӯҳи ҷудоиталабон дар минтақаи Донетск гуфт, ки ба андешаи ӯ маҳбусон бояд дар назди додгоҳ посух диҳанд. Кремлин дар иддаоҳои сабабҳои ҳуҷумаш ба Украина гуфтааст, ки ин кишварро аз “нозӣ”-ву дигар тундгароҳо озод мекунад. Полки Азов як гурӯҳи ихтиёриёни ростгаро аст, ки бахше аз Горди миллии Украина ба шумор меравад. Дар гузашта ин гурӯҳ чун Баталйони Азов маъруф буд, ки тарафдори идеологияи миллатгароёна аст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи амрикоӣ онро бо тундгароёни неонасистӣ рабт медоданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ҷои зиндагиву марги ман". Охирин рӯзҳои "Азовстал"

Вале ҷонибдорони ин гурӯҳ онро як ташаккули ватандӯстона ва бахше аз нирӯҳои дифоии кишвар меноманд. Хабаргузории давлатии Интерфакси Русия гузориш дод, ки Маскав мехоҳад маҳбусони "Азовстал"-ро бо сиёсатмадори русгарои украинӣ Виктор Медведчук табдил кунанд. Нисбати ин сиёсатмадор дар Украина парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Рӯзи 21 май вазорати дифои Русия як видеое нашр кард, ки дар он гӯё низомиёни Русия Серҳий Волинский, фармондеҳаи бригадаи вижаи баҳрии украиниро ба боздоштгоҳ интиқол медиҳанд.

Мақомот мегӯянд, ки дар Мариупол тахминан 100 ҳазор сокини мулкӣ бо фоҷеаи азими беҳдоштию санитарӣ рӯбарӯ ҳастанд. Мақомоти маҳаллӣ Русияро дар даст задан ба ваҳшонияти мисли бомбаборони таваллудхонаву театри маҳаллӣ гунаҳгор мекунанд, ки барои садҳо ҳазор мулкиҳо чун паноҳгоҳ хидмат кардаанд. Ҷасади даҳҳо нафари дигар дар қабрҳои дастаҷамъӣ хок шудааст. Дар наворҳои маҳвораӣ моҳи апрел дида шуд, ки дар атрофи Мариупол эҳтимолан чандин гӯри дастаҷамъӣ пайдо шудааст. Вадим Бойченко, шаҳрдори Мариупол дар Телеграм-канали худ навишт, ки ба ин шаҳр эпидемияи бемориҳои сироятӣ таҳдид мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тоҷикон дар ду тарафи ҷанг. Киро аз кӣ муҳофизат мекунанд? ВИДЕОБайден қонуни муҳимро барои Украина имзо гузоштМаскав иддао дорад, ки Мариуполи Украинаро ишғол кардааст7 кишвар ба Украина қариб 10 млрд. доллар медиҳандСенати ИМА тарҳи $40 млрд кӯмаки иловагиро ба Украина тасдиқ кардЗеленский гуфт, нерӯҳои Русия Донбасcро "нобуд" сохтанд