Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав иддао дорад, ки Мариуполи Украинаро ишғол кардааст


Як сарбози Русия дар театри вайроншудаи Мариупол
Як сарбози Русия дар театри вайроншудаи Мариупол

Русия бо сахттар кардани ҳамлаҳо дар шарқи Украина, иддао кардаст, ки назорат бар шаҳри Мариуполро пурра ба даст гирифтааст.

Тасарруфи ин шаҳри соҳилӣ бузургтарин дастоварди артиши Русия аз оғози ҳамлааш дар моҳи феврали имсол ба Украина пиндошта мешавад. Коршиносони низомӣ ба ин боваранд, ки эълони пирӯзӣ бештар рамзӣ аст.

Русия бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии пайиҳами худ шаҳри Мариуполи Украинаро ба хок яксон кардааст. Тахминан бист ҳазор ғайринизомӣ дар онҷо кушта шудаанд

Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, рӯзи 20-уми май аз тасарруфи комили корхонаи «Азовстал», охирин мавқеи истодагарии нерӯҳои Украина дар шаҳри Мариупол, хабар дод. Вазорат гуфт, дар онҷо 2439 касро «гирифтанд».

Ҳарчанд мақомоти Украина дар ин маврид шарҳе надодаанд, президент Владимир Зеленский қаблан гуфта буд, мудофеон дастур гирифтаанд, ки аз «Азовстал» берун шуда, ҳаёти худро наҷот диҳанд.

Зеленский дертар гуфт, ҷанги Русия дар кишвараш метавонад сирф бо роҳҳои дипломатӣ ҳал шавад. Вай дар телевизиони Украина гуфт, кишвараш метавонад, дар майдони набард пирӯз бошад, вале «ҳама чиз фақат метавонад дар мизи музокира ба таври қатъӣ ҳал шавад».

Мақомоти Русия гуфтаанд, баъзе аз асирони «Азовстал»-ро ба иттиҳоми ҷинояти ҷангӣ муҳокима хоҳанд кард.

Коршиносони низомӣ ба ин боваранд, ки Русия ба як пирӯзӣ дар набарди Украина зарурат дошт, чун ин ҷанг баръакси тасаввури мақомоти Маскав барои ин кишвар хеле гарон тамом шуд.

Онҳо меафзоянд, эълони пирӯзӣ дар Мариупол метавонад сирф маънои рамзӣ дошта бошад, чун ин шаҳр чанд ҳафта ба ин сӯ амалан дар дасти нерӯҳои Русия буд.

XS
SM
MD
LG