Гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар умури ақаллиятҳои миллӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ба қавли ӯ, ба саркӯби ақаллияти помирӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хотима диҳад.
Фернанд де Вареннес ҳушдор додааст, ки фурӯ нишондани тазоҳурот бо амалиёти, ба гуфтаи мақомот, “зиддитеррористӣ” метавонад, сабаби нооромиҳои васеътару хушунатбортар шавад.
Дар баёнияе, ки рӯзи 20-уми май Созмони Милал нашр кард, омадааст: “Вокуниши сахти давлат барои поён додан ба тазоҳуроти ақаллияти помирӣ аз роҳи боздошт, истифодаи беш аз ҳад ва ғайриқонунии нерӯ ва бо ҷалби номутаносиби артиш бисёр озордиҳанда аст.”
Аз 16-уми май вазъ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони вилоят печида аст. Дар ҷараёни даргирии сокинони норозӣ ва нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғу Рӯшон, ба иттилои расмӣ, аз ду ҷониб 10 кас кушта ва 27 нафар захмӣ шудаанд. Сокинони Рӯшон рӯзи 19-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади 21 нафарро ба наздиконашон додаанд.
Фернанд де Вареннес ҳамаи тарафҳоро ба хештандорӣ даъват кардааст, то ба гуфтаи ӯ “вазъ аз назорат хориҷ нашавад.” Гузоришгари Созмони Милал аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, бо намояндагони мардуми Бадахшон вориди муколамаи бозу созанда шавад, барои пешгирӣ аз муноқиша ва муҳофизати ақаллияти помирӣ чораҳое биандешад, ки мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бошанд.
Баъди як тазоҳуроти олуда бо хушунат дар Бадахшон дар рӯзи 16-уми май, ки бо марги як ҷавон анҷомид, ҳукумати Тоҷикистон ба Хоруғ нерӯҳои махсусро фиристод, то ба гуфтаи мақомот амалиёти “зиддитеррористӣ” анҷом диҳанд. Дар натиҷа рӯзи 18-уми май ҳангоми пароканда кардани гуруҳе аз сокинони ноҳияи Рӯшон, ки роҳи Душанбе-Хоруғро баста буданд, чандин нафар куштаву захмӣ шуданд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, амалиёт баъди он шуруъ шуд, ки тазоҳургарон, бо ҳамла ба як мошини нерӯҳои махсус як афсарро куштаву 13 нафари дигарро захмӣ карданд.
Дар баёнияи Созмони Милал омадааст, ки манобеи муътамад теъдоди кушташудагонро дар Хоруғ бештар аз 40 нафар гуфтаанд.
Дар баёнияи гузоришгари Созмони Милал омадааст: “Ман аз гузоришҳои расида баъди амалиёти зиддитеррористии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар посух ба тазоҳуроти помириҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки сабаби талафоти зиёд дар байни помириҳо шуд, ваҳшатзада шудаам.”
Фернанд де Вареннес аз он изҳори таассуф кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ҳушдорҳо ва тавсияҳои гуруҳи коршиносони Созмони Милал барои пешгирӣ аз нооромиҳо таваҷҷуҳ накардааст. Дар баёния аз нооромиҳои соли 2021 дар Бадахшон ёдоварӣ шудааст ва гузоришгари Созмони Милал гуфтааст, “мутаассифона, ҳукумати Тоҷикистон ба номаҳои мо посух надод ва танишҳое, ки моҳи ноябри соли 2021 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон авҷ гирифтанд ва ба миқёси васеътару хатарноктаре расиданд.”
Танишҳо дар Бадахшон моҳи ноябри соли гузашта ва баъди он авҷ гирифт, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятӣ Гулбиддин Зиёбеков, як сокини Роштқалъа, кушта шуд. Дар ҷараёни тазоҳуроте, ки баъди он бархост, ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд ва 17 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Тазоҳуроти рӯзи 16-уми май низ бо талаби ҷазо додани онҳое бархост, ки ба гуфтаи сокинон Зиёбековро бегуноҳ куштанд. Мақомот мегӯянд, ки Зиёбеков ба гаравгонгирӣ, барангехтани маҳалгароӣ муттаҳам мешуд ва ҳангоми муқовимат ба нерӯҳои интизомӣ кушта шуд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тазоҳурот ғайриқонунӣ буд ва тазоҳургаронро аъзои гуруҳҳои ғайриқонуние номидаанд, ки ба гуфтаи онҳо аз хориҷ барои ноором кардани кишвар дастур мегирифтанд. Гузоришгари Созмони Милал дар умури ҳуқуқи ақаллиятҳо гуфтааст, дар масъалаи мазкур бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон муколама мекунад.