Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳамлаҳои ҷудогона ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время”-ро дар Душанбе шадидан маҳкум кард.
Ҷейми Флай рӯзи 17-уми май дар изҳороте гуфт, “борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостем, ки фишорро алайҳи расонаҳои озод бас кунанд.”
“Бори охир, моҳи феврали имсол, дар номае ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи ҳолатҳои аз парвонаи кор маҳрум шудан, озор ва таҳдидҳо ба зидди хабарнигорони Радиои Озодӣ муфассал навишта будам,” – афзудааст ӯ.
Президенти Радиои Озодӣ мегӯяд, “вақти он расида, ки ҳукумати Тоҷикистон кӯшиши халалдор кардани гузоришдиҳии мустақилро, ки ба нафъи мардуми тоҷик аст, бас кунад.”
Шахсони ношинос рӯзи 17-уми май ба хабарнигорону наворбардорони Радиои Озодӣ ва телевизиони "Настояшее Время" дар Душанбе ҳамла карда, дастгоҳи наворгирӣ ва телефонҳояшонро кашида гирифтанд.
Ҳодиса баъди он рӯй дод, ки хабарнигорон барои гирифтани шарҳи Улфатхонум Мамадшоева, яке аз фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон, ба хонааш дар пойтахт рафтанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 17-уми май ӯро дар қатори Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Алим Шерзамонов ба ташкили эътирози 16-уми май дар Хоруғ, ки дар натиҷа як нафар кушта ва чандин кас захмӣ шуданд, айбдор кард.
Ҳамлаварон нагуфтаанд, кӣ ҳастанд ва чӣ мехоҳанд, аммо ба қавли ҳамкорони мо, “журналистонро хуб мешинохтанд ва ҳадафмандона дурбину телефонҳоро мехостанд”.
Дар умум, ба иттилои хабарнигорони Радиои Озодӣ ва “Настояшее Время” аз онҳо ҳафт телефон ва як дастгоҳи наворгириро гирифтаанд. Мақомот то ҳанӯз дар ин бора хабаре надоданд.