Мақомоти расмӣ ва сарони донишгоҳҳо дар гӯшаҳои Тоҷикистон бо ситоиш ва қаноатмандӣ хабар медиҳанд, ки шумори зиёди донишҷӯён “ихтиёрӣ” ба хидмати ҳарбӣ мераванд. Айни замон баъзе аз донишҷӯён мегӯянд, онҳоро маҷбурӣ мефиристанд. Танҳо дар вилояти Хатлон донишгоҳҳо вазифадор шудаанд, беш аз 900 сарбоз диҳанд.
Ихтиёрӣ ё маҷбурӣ?
Мақомоти шаҳри Бохтар рӯзи 6-уми май хабар доданд, ки 120 донишҷӯ имтиҳони давлатии худро пеш аз муҳлат супурда, ба артиш рафтаанд. 35 нафари онҳо хатмкунандагони факултаи сиёсат ва идораи давлатӣ ҳастанд.
Афзал Сироҷов, яке аз онҳо, дар рӯзи гуселаш ба артиш гуфт, “имрӯз имтиҳони давлатиро бо баҳои аъло супоридем ва бо як қатор ҳамкурсон бо хоҳиши худ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ мепайвандем.”
Дар як наворе, ки ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, гусели ҷавононро ба хидматӣ сарбозӣ нишон додаанд. Онҳо пеш аз рафтан ба артиш бо волидон хайрухуш мекунанд.
Муаллифи навор аз онҳо пурсидааст, ки донишҷӯи кадом муассиса ҳастанд? Яке аз онҳо мегӯяд, муҳассили Коллеҷи техникӣ ҳастанду маҷбурӣ ба артиш гусел карда мешаванд.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дастури "пинҳонӣ"
Ин навор кай ва дар куҷо сабт шудааст, маълум нест, аммо баъзе аз омӯзгорони донишгоҳҳо дар суҳбат ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки мақомот ҳар рӯз аз онҳо иҷрои нақшаи даъват ба артишро талаб доранд.
“Аз корҳои дигар мондем. Як пой дар комиссариати ҳарбӣ ва пойи дигарамон дар синфу мактаб ҳастем,” -- гуфт яке аз онҳо рӯзи 6-уми май. Мусоҳиби мо тасдиқ кард, ки дар бораи чӣ қадар аз донишҷӯён бояд ба артиш фиристода шаванд, дастур ҳаст.
Як манбаи дигар дар ҳукумати вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин нақша рӯзи 4-уми май дар ҷаласаи раиси вилояти Хатлон эълон ва тасдиқ шудааст. Бар пояи он,
- Донишгоҳи Бохтар – 300;
- Донишгоҳи Кулоб – 150;
- Донишгоҳи Данғара – 250;
- Донишгоҳи тиббии Хатлон - 60;
- Донишгоҳи энергетикии Леваканд – 89;
- Донишгоҳи технологии Кӯлоб – 65 донишҷӯи худро бояд ба хидмати ҳарбӣ фиристанд.
Раиси яке аз донишгоҳҳо, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, азбаски ин миқдорро ихтиёрӣ ҷамъ карда намешавад, барои иҷрои нақша на танҳо аз ташвиқу таблиғ, балки фишор ҳам истифода мешавад. Мақомот мавҷудияти ҳама гуна фишорро рад мекунанд.