Пайвандони Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари мухолифин дар замони ҷанги шаҳрвандӣ иддао доранд, ки яке аз наберагони ӯро тариқи “облава” ё сарбозшикор ба артиш бурдаанд.
Ҳабибулло Саидови 21-сола, донишҷӯи соли сеюми факултаи “Кимиё ва биология”-и Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар буд. Наздиконаш мегӯянд, кормандони пулиси Вахш ӯро рӯзи 23-уми апрел боздошт карданд ва баъдан, бо иддаои ин ки ӯ аз донишгоҳ хориҷ шудааст, ба артиш фиристоданд.
Мақомот расман дар бораи шеваи ҷалби ин ҷавон ба артиш хабар надодаанд, вале наздиконаш мегӯянд, ӯ аз донишгоҳ ихроҷ нашуда буд ва тибқи қонун ҷалби ӯ ба саффи қувваҳои мусаллаҳ нодуруст аст.
Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, замони таҳсил дар Донишгоҳҳои олӣ ӯҳдадории ҳарбии ҷавонон барои хидмат дар артиш ба таъхир андохта мешавад.
Як маъмури Донишгоҳи Бохтар бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ки сарфи назар аз таҳсили рӯзона донишҷуёнро “облава”мекунанд.
Абубакри Нурӣ, амаки Ҳабибулло Саидов, рӯзи 25-уми апрел аз Олмон ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи ҷумъаи гузашта Ҳабибуллоро ба шӯъбаи умури дохилии ҷамоати “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахш даъват намуданд ва баъдан хабар доданд, ки ӯ ихтиёрӣ ба сарбозӣ рафт.
Ӯ мегӯяд, Ҳабибулло бо вуҷуди донишҷӯияш фарзанди ноновари хона буд. Падараш Нусратулло Саидов, бародарзодаи Абдуллоҳи Нурӣ, дар моҳи январи соли равон боздошт шуда буд. Падарашро ба дарёфти маблағ аз гурӯҳҳои шубҳаовар аз хориҷи кишвар айбдор кардаанд.
Дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш дар бораи тариқи "облава" ё сарбозшикор ба артиш бурдани ин ҷавон шарҳе надоданд.
Ҳабибулло, фарзанди бузурги Нусратулло Саидов, бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини Иттиҳоди мухолифини собиқи тоҷик буда, соҳиби як фарзанд аст.
Пайвандонаш мегӯянд, баъд аз боздошти падараш Нусратулло Саидов, танҳо фарзанди хонавода буд, ки ба таъмини рӯзгорашон расидагӣ мекард.
Ҳар сол баҳору тирамоҳ дар Тоҷикистон ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиш даъват мекунанд. Ҷавонон ҳамвора аз “сарбозшикор” шикоят мекунанд. Мақомот мегӯянд, “облава” вуҷуд надорад, аммо ҷавононеро, ки бо даъватнома намеоянд, маъмурони милиса маҷбурӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ меоранд.
Мақомоти тоҷикро ба он таниқд мекунанд, ки шеваи муосири ҷалби ҷавонон ба артишро пайдо накардаанд ва аз роҳи зур сафи артишро пур месозанд.