Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба мошини бе рақам бор карданду бурданд." Садамаи се қурбонии "облава". ВИДЕО


Саиданваршоҳ Эшонзода
Саиданваршоҳ Эшонзода

Се сарбози тозадаъват дар роҳ аз Кӯлоб ба Бохтар ҳамроҳи як корманди комиссариати ҳарбӣ ва ронанда дучори садама шуда, захмӣ гардидаанд. Вазъи яке аз онҳо "вазнин" арзёбӣ мешавад. Пайвандон мегӯянд, ҷавонон тариқи "облава" ба хидмат ҷалб шудаанд. Мақомот вуҷуди "сарбозшикор"-ро рад мекунанд.

Як манбаъ дар Бозрасии Давлатии Автомобилии Хатлон гуфт, воқеа 14-уми апрели имсол ва дар наздикии шаҳри Леваканд рух додааст. Вай ҷузъиёт надод.

Ба гуфтаи наздикони наваскарон, яке аз онҳо, Саиданваршоҳи Эшонзодаи 25-сола, сахт осеб дидааст. Вай сокини деҳаи Чорбоғи шаҳри Кӯлоб буда, ҳоло дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Бохтар бистарист.

Наздиконаш мехоҳанд, натанҳо гунаҳкорони садама, балки ҷалби маҷбурии ӯ ба хидмат ҳам ҷавоб гӯянд. Ба гуфтаи онҳо, "Саиданваршоҳ Эшонзода ятими кул буда, дар тарбияи амакаш бузург шудааст".

Хонаводааш дар қазияи ӯ мақомоти Шуъбаи корҳои дохилии Кӯлобро айбдор мекунанд. Талошҳои мо барои суҳбат бо Умед Холиқзода, муовини сардори ШКД-и Кӯлоб, то ин дам бенатиҷа буд. Ба зангҳои мо посух надод.

Шукрони Саидаброр
Шукрони Саидаброр

Ҳамсари Саиданваршоҳ Эшонзода рӯзи 22-юми апрел гуфт, ӯро ҳафтае пеш аз ҷойи хобаш ба комиссариати ҳарбӣ бурда буданд. Ба нақли Шукронаи Саидаброр, "ду нафар дарро кӯфта, худро корманди идораи барқ муаррифӣ карданд. Дигарон аз пушти хона даромаданд. Шавҳарам мегуфт, кӯдакро метарсонед."

Мақомот шарҳ намедиҳанд. Ҳамсояҳои шоҳиди ҳодиса мегӯянд, чаҳор нафар Саиданваршоҳи Эшонзодаро аз болои девор ба кӯча бароварданд.

Кенҷамоҳ Алишерова, ҳамсояи Саиданваршоҳ, гуфт, "дар сари девор буд ва аз бачаи ман хост, ҷони маро бихар. Бачаам гуфт, коре карда намешавад. Кашиданд, ғалтонданд ва аз сараш зер карда, ба мошини бе рақам бор карда бурданд."

Бо вуҷуди шикоятҳои зиёд, мақомот дар Кӯлоб вуҷуди "облава"-ро рад мекунанд.

Эмомалӣ Собирзода, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон, 20-уми апрел ҳангоми суҳбат дар Маҷлиси Намояндагон гуфт, мавсими ҷалби ҷавонон ба артиш ба таври маъмулӣ ва бе ягон ҳодисаи ғайриодӣ идома дорад.

Дар Тоҷикистон баҳору тирамоҳ ҷавонони то ҳаждаҳсоларо ба артиш мебаранд. Сокинон мегӯянд, ба сабаби вазъи бад ва зарбу лат дар қисмҳои низомӣ аз фиристодани фарзандон худдорӣ мекунанд. Мақомот мегӯянд, бараъкс, вазъ беҳтар шуда, сафи ихтиёриёни хидмат афзудааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Дар Хатлон даъвати навсарбоз ба артиш бо садама анҷомид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00
XS
SM
MD
LG