Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, гуфт, ҷонибдори ҳалли зудтари масъалаҳои марзиву ҳудудӣ бо Қирғизистон аст ва аз сокинон хост, “ба эҳсосот дода нашаванд”.
Ӯ рӯзи 17-уми апрел дар суҳбат бо сокинони Исфара аломатгузории хатти марз миёни Тоҷикистону Қирғизистонро “яке аз масъалаҳои асосӣ” донист ва таъкид кард, ки ҷонибдори бо роҳи музокира ҳал шудани мушкил аст.
Марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ҳудуди ноҳияи Исфара, аз ҷумлаи минтақаҳои ҳасоси марзӣ маҳсуб мешавад. Солҳо боз ду кишвар барои аломатгузории марз ба тавофуқи комил даст наёфтаанд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон барои ҳалли мушкил аз соли 2002 комиссияи байниҳукуматӣ ташкил кард ва гуфтушунидро бо кишвари ҳамсоя оғоз намуд. Ба гуфтаи ӯ, дар 170 мулоқоту гуфтушунид аз 987 километри марзи миёни ду кишвар “663,7 километр, яъне 68,4 фоизи хатти сарҳад муайян ва мувофиқа карда шудааст.”
Ӯ афзуд, бо дарназардошти манфиати ду кишвар хоҳони зудтар ҳал шудани мушкил аст, вале ҳамзамон таъкид кард, ки ин кори осон нест ва “заҳмати зиёди мутахассисонро талаб менамояд.”
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз сокинон хост, ки ба эҳсосот дода нашаванд.
“Бинобар ин, бори дигар ба мардуми шаҳри Исфара хотиррасон менамоям, ки бояд бо ҳамсояҳои худ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии нек кору зиндагӣ кунанд, бо онҳо рафту омад ва ҳамкории дӯстона дошта бошанд, босабру таҳаммул бошанд ва ба эҳсосот дода нашаванд. Зеро тибқи ҳикмати мардуми хирадмандамон ҳамсояро интихоб намекунанд.”,--гуфт ӯ.
Аз ин пеш, рӯзи 15-уми апрел раиси ҷумҳури Қирғизистон Cодир Ҷабборов гуфта буд, ки ба назари ӯ ҷараёни таъйину аломатгузории марзи кишвараш бо Тоҷикистон оҳиста пеш меравад ва “хуб мешуд, агар ин раванд зудтар мебуд.”
Ӯ дар як паёми кӯтоҳе дар Фейсбук навиштааст: “Ба назари ман раванд оҳиста аст. Сабаб он аст, ки қитъаҳои баҳсӣ зиёд аст.”
Дар ишорае, ки зоҳиран ба ҷанҷолу хунрезиҳои батакрор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст, Содир Ҷабборов гуфта буд, ки “Пеш аз ҳама сулҳ зарур аст, сипас мо метавонем, масъаларо ба нафъи ду тараф ҳал кунем.”
Ба қавли ӯ аз ҳисоби 972 километр марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон 664 километри он мувофиқа шуда, 308 километри дигар мондааст. Бино ба охирин оморе, ки аз ду тараф нашр мешуд, Тоҷикистону Қирғизистон 519 километр марзи муштаракашонро мувофиқа кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта Қирғизистонро ба аҳдшиканӣ ва содиқ набудан ба санадҳои имзошуда байни ду кишвар муттаҳам кардаанд. Ду тараф ҳам дар моҷарову хунрезиҳо дар марз якдигарро гунаҳкор мекунанд.
Яке аз бадтарин муноқиша байни ду кишвар рӯзҳои 28-30-уми апрели соли 2021 сурат гирифт, ки дар натиҷа ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон аз он тараф 36 нафар ва аз Тоҷикистон 19 нафар кушта шуданд. Даҳҳо тани дигар аз ҳарду тараф ҷароҳат бардоштанд. Бо вуҷуди 1300 километр марзи муштарак бо Афғонистони ноором, дар ин марз талафоте, ки марзбонони тоҷик додаанд, дар муқоиса ба талафот дар марз бо Қирғизистон камтар аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Эмомалӣ Раҳмон ба Исфара сафар кардСодир Ҷабборов гуфтааст, раванди таъйини марз бо Тоҷикистон суст астҚирғизистон парванда кушод, тирпарониро дар марз таҳқиқ мекунадБаҳси нав байни Душанбеву Бишкек. Камобӣ дар деҳаҳои марзӣ аз куҷост? ВИДЕОГирдиҳамоӣ пушти дари сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон. ВИДЕОВазири тоҷик амалкарди марзбонҳои Қирғизистонро маҳкум кардаастҚирғизистон гуфт, дар низои марзӣ бо Тоҷикистон 6 кас захмӣ шудаастСарбоз Зоир Саидумаров дар муноқишаи марзӣ кушта шудааст. ВИДЕО