Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон парванда кушод, тирпарониро дар марз таҳқиқ мекунад


Баъди тирпарронии марзбонон дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон додситонии кулли Қирғизистон бо моддаи "Ҷинояти зидди сулҳ" парванда боз кардааст. Додситонии Қирғизистон рӯзи 15-уми апрел гуфт, гуруҳи байниидоравӣ ба таҳқиқи қазия машғул аст.

Рӯзи 12-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ шуд. Дар натиҷа, як сарбози тоҷик кушта, аз ду тараф чанд каси дигар захмӣ шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар сар задани ҳодиса нерӯҳои Қирғизистонро айбдор карданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон амалкарди марзбонони Қирғизистонро маҳкум кард ва хоҳони "тафтиши воқеӣ" ва "ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон" шуд.

Бишкек масъулиятро ба дӯши марзбонҳои тоҷик гузошт.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр сарҳад доранд ва то ҳол беш аз нисфи он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Даҳҳо километр хатти марз мавриди баҳс қарор дорад ва ҳар чанд вақт боиси сар задани низоъ ва задухӯрдҳо мешавад.

XS
SM
MD
LG