Вазорати тандурусти Қирғизистон гуфт, то шоми 13-уми апрел се нафари дигаре барои дарёфти ёрии тиббӣ муроҷиат кард, ки дар натиҷаи низоъ дар марз бо Тоҷикистон ҷароҳат бардоштаанд.
Ба иттилои хадамоти матбуотии вазорат, дар умум 6 кас барои кумаки тиббӣ муроҷиат кардааст. Ду нафари онҳо баъди расонидани ёрии тиббӣ аз беморхона рухсат шуданд.
Дар ҳоли ҳозир чаҳор кас дар беморхонаи ноҳияи Лайлак қарор доранд, ки ду нафарашон низомӣ ҳастанд. Ҳамаи онҳо захмӣ тир доранд.
Шоми 12-уми апрел дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон, дар байни деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Суғд ва деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Бодканд тирпаронӣ сурат гирифт.
Мақомоти тоҷик гуфтанд, дар тирпарронии шоми сешанбе сержант, Зоир Саидумарови 27-сола аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҷон бохт.