Иддаоро дар бораи ҷиноятҳои сарбозони рус дар Украина таҳқиқ мекунанд. ВИДЕО

Додситони Додгоҳи Байнулмилалии Ҷурму Ҷиноят

Муфаттишони ҷиноятҳои ҷангӣ рӯзи чаҳоршанбе, 13-уми апрел, ба шаҳраки Буча дар наздикии Киев рафтанд ва қавл доданд, ки бо шурӯи кори коршиносони қонунӣ далел ҷамъ меоранд.

Карим Хон, додситони кулли Додгоҳи Байнулмилалии Ҷурму Ҷиноят, ҳам онҷо буд ва гуфт: "Ҳар фард, бахусус ғайринизомиён ҳуқуқи хос доранд. Мо бояд аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят кунем, бояд барои маълум кардани воқеият исрор варзем. Баъд додрасҳо тасмим мегиранд, ки бояд касе ҷавобгар бошад, ё не."

Додгоҳи Байнулмилалии Ҷурму Ҷиноят дар Гаагаи Ҳолланд ба таҳқиқи иддаоҳо дар бораи ҷиноятҳои ҷангии Русия дар Украина оғоз кардааст. На Русия ва на Амрико узви ин ниҳоди ҷаҳонӣ нестанд. Як дипломати баландпояи Амрико гуфт, раисҷумҳур Владимир Путин дурӯғ мегӯяд, ки ҷиноятҳо дар шаҳрҳои Украина “сохта” ва “саҳнасозӣ” шудаанд.

Ба қавли Кристина Квиен, кордори сафорати Амрико дар Украина, “ҷаҳон медонад, ки ӯ масъули таркиш дар истгоҳи роҳи оҳани Краматорск аст. Ӯ масъули ҷиноятҳо дар Буча аст. Ӯ масъули вайронгариҳо дар Мариупол аст, масъули вайронгариҳо дар Харков аст. Касе нест, ки ангушти иттиҳом ба самти ӯ кунад ва ҷаҳон инро медонад.”

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хост, ки Путин дар додгоҳи байнулмилалӣ муҳокима шавад. Коршиносон мегӯянд, то замоне ки сарбозони рус дар ватанашон бимонанд, дастрасӣ ба онҳо тақрибан ғайриимкон аст. Аммо ба гуфтаи онҳо, баргузории додгоҳҳои ҷиноятҳои ҷангӣ барои “шармсор” кардани ҷинояткорон мантиқист.

Александр Довнс, аз Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон, дар ин бора ба “Садои Амрико” гуфт: “Баргузор кардани додгоҳҳои ҷиноёти ҷангӣ, ҳатто дар ғайбашон, метавонад таъсири боздорандае дар миёни мақомоти сатҳи поин дошта бошад, ки бигӯянд, ман намехоҳам, дар баробари таъқиби эҳтимолии ҷиноятҳои ҷангӣ осебпазир бошам. Ин ба он маъност, ки онҳо мудомулумр дар Русия мемонанд, зеро агар онро тарк кунанд, метавонанд, таҳти пайгарди қонунии байналмилалӣ қарор гиранд ва ин ба Владимир Путин ҳам рабт мегирад.”

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи сешанбе гуфт, иддаоҳо дар бораи ҷиноятҳои ҷангӣ дар Буча “сохта” аст, вале ҳеч далеле наовард. Ҳарчанд саҳнаҳои гӯрҳои дастҷамъӣ ва баёниҳояҳои шоҳидон дигар чизро нишон медиҳад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Иддаоҳо дар бораи ҷиноятҳои сарбозони рус таҳқиқ мешавад