Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, барои раҳо шудани кишвараш аз ҷанги беасоси Русия ёрии бештар лозим аст. Русия ҳуҷумҳоро дар шарқи Украина вусъат бахшидааст. Зеленский 11-уми апрел дар муроҷиати онлайн ба қонунгузорони Кореяи Ҷанубӣ гуфт, агар ҷомеаи байнулмилалӣ пеши роҳи Русияро нагирад, ин кишвар аз ҷанге, ки моҳи феврал шуруъ кард, даст намекашад.
Ӯ афзуд, Русия ҳоло даҳҳо ҳазор сарбозашро дар пешорӯи ҳуҷуми навбатӣ дар минтақаҳои шарқӣ ҷойгир кардааст. То ҳол садҳо муассисаву сохторҳо дар Украина ба замин яксон шуда, дастикам 300 беморхонаву биноҳои ёрирасон хароб гардидаанд.
Нерӯҳои Русия талоши худро барои зери назорати пурра даровардани шаҳри муҳосирашудаи Мариупол идома медиҳанд. "Мариупол хароб карда шуд, даҳҳо ҳазор нафар ҷон додаанд, вале бо ин вуҷуд русҳо аз идомаи ҳуҷумашон даст намекашанд," – гуфт Зеленский дар муроҷиат ба вакилони маҷлиси Кореяи Ҷанубӣ. Санҷидани дурустии омори қурбониҳо феълан имкон надорад.
Мулоқоти рӯбарӯ бо Путин
Дар пасманзари ин таҳаввулот, ҷомеаи байнулмилалӣ талош дорад аз роҳи созиши сулҳ пеши роҳи ҷангҳои бештарро бигирад. Нахуствазири Австрия Карл Неҳаммер рӯзи 11-уми апрел, қарор аст, бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот карда, ӯро ба хатми ҷанг даъват кунад. Аз оғози ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина дар 24-уми феврали имсол ин мулоқоти аввалини рӯбарӯи Путин бо як намояндаи Аврупо хоҳад буд.
Неҳаммер пеш аз сафар ба Маскав гуфт: "Ман бо Владимир Путин мулоқот мекунам... Мо (Австрия) аз назари низомӣ бетараф ҳастем, вале дар робита бо ҷанги таҷовузгари Русия алайҳи Украина мавқеи қотеъ дорем. Ӯ бояд бас кунад! Долонҳои башарӣ, оташбас ва таҳқиқи пурраи ҷиноятҳои ҷангӣ зарур аст."
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 11-уми апрел вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Люксмембург, қарор аст, бо додситони Додгоҳи байнулмилалии ҷиноятҳои ҷангӣ мулоқот карда, мавзӯи ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби артиши Русияро баррасӣ кунанд.
Маскав гуфтааст, ба зидди сокинони мулкӣ амал намекунад, вале далелҳои зиёде дар бораи ваҳшонияти артиши Русия алайҳи ғайринизомиён вуҷуд дорад. Ҷозеп Боррелл, дипломати аршади аврупоӣ, пеш аз оғози ҷаласаи вазирон гуфт, мавзӯи таҳримҳо "ҳамеша мавриди баррасӣ аст".
Ҳаракат ба самти шарқ
Аз замони ҳамлаи Русия ба Украина аз 44 миллион аҳолии ин кишвар чоряки он маҷбур шудаанд, хонаҳояшонро тарк кунанд. Ҳазорҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд. Бисёре аз онҳо аҳолии мулкӣ мебошанд.
Ширкати Maxar Technologies рӯзи 10-уми апрел аксҳои маҳвораие нашр кард, ки дар он дида мешавад, корвони 13-километрии низомии русҳо ба самти Донбасс ҳаракат мекунад. Таҳлилгарон мегӯянд, Русия ният дорад, иқтидори низомиашро дар шарқи Украина тақвият диҳад. Эҳтимоли дар чанд рӯзи наздик шуруъ шудани ҳуҷумҳои нав вуҷуд дорад.
Эҳтимол корвони низомӣ ба шаҳри Изюми вилояти Харков меравад, ки онҷоро низомиёни Русия назорат мекунанд. Изюм дар наздикиҳои вилоятҳои Донетску Луҳанск ҷойгир аст, ки макони муҳорибаҳои бисёр сахту сангин мебошад.
Баъд аз нокомӣ дар минтақаҳои дигари Украина, Русия ҳуҷуми низомии худро ба Донбасс равона кардааст, ки минтақаҳои шарқии Украина – вилоятҳои Луҳанск ва Донетскро дар назар мегирад.
Дворников кист?
Дар остонаи ҳуҷуми дарпешистода, Кремл ба генерали артиш Александр Дворников, ки фармондеҳи нерӯҳои русӣ дар Ҳавзаи ҷанубии низомӣ мебошад, раҳбарии ҷанг дар Украинаро вогузор кардааст.
Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, эҳтимоли ин вуҷуд дорад, ки Путин мехоҳад назоратро бар Донбасс то оғози моҳи май ба даст оварда, дар остонаи таҷлили Иди ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳон пирӯзиашро дар ҷанги Украина эълон кунад.
Таҳлилгарон мегӯянд, таъини генерали 60-сола, Дворников, бо ҳадафи тавсеаи ҳуҷумҳои васеъмиқёс дар шарқи Украина карда мешавад. Дворников дар ҷанги Сурия маъруф шудааст, ки онҷо Русия даст ба бомбаборони маҳалҳои аҳолинишин зада буд. Путин Дворниковро барои амалиёт дар Сурия бо ҷоизаи баландтарини давлатӣ – "Қаҳрамони Русия" – қадрдонӣ кардааст.