Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯ овардани Қазоқистон ба Аврупоро русҳо "хиёнат" номиданд. ВИДЕО


Қасри президенти Қазоқистон
Қасри президенти Қазоқистон

Матбуоти Русия ба сафари мақомоти баландпояи Қазоқистон ба Аврупо ва мавзеъгирии онҳо нисбат ба ҷанг дар Украина бо ҳассосият бархӯрд кард.

Аксар нашрияҳо сафари ахири Темур Сулаймонов, муовини раиси дастгоҳи президенти Қазоқистонро ба Брюссел бо ҷумлаҳои "хиёнати Қазоқистон ба дӯстии дерина бо Русия" тасвир кардаанд. Вале таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, ҳама гуна ҳамкориву шарикиҳои сиёсиву иқтисодии Қазоқистон бояд танҳо бо назардошти манфиатҳои миллии ин кишвар роҳандозӣ шаванд.

Таҳлилгарон дар Русия тақрибан бо як овоз мегӯянд, ки изҳороти мақомоти Қазоқистон дар бораи эътироф накардани Қрим ва Донбас дар ҳамоҳангӣ бо президент сурат мегирад, ҳарчанд Қосимҷомарт Тоқаев ҳамлаи низомии Русияро ба Украина ошкоро маҳкум накардааст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Чаро шореҳони рус мавқеи Қазоқистонро "хиёнат ба Русия" меноманд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Дар як суҳбаташ бо нашрияи "Euractiv" Темур Сулаймонов гуфт, ки Қазоқистон муомилаҳои тиҷоратӣ бо Русия ва сармоягузориро идома хоҳад дод, вале, ба гуфтааш, Нурсултон намегузорад, ки ба ҳайси василаи фиреби таҳримҳо истифода шавад.

"Қазоқистон василаи фирори Русия аз таҳримҳои ИМА ва Иттиҳоди Аврупо нахоҳад шуд. Бо ин ки мо бахше аз Иттиҳоди иқтисодӣ бо Русия, Беларус ва дигар кишварҳо ҳастем, инчунин узви ҷомеаи байналмилалӣ мебошем. Ба ҳамин хотир, мо намехоҳем, ки Қазоқистон ҳамчун кишвари нодидагирандаи таҳримҳои байналмилалӣ ҷазо бинад.",--гуфтааст Темур Сулаймонов.

Сиёсатшиноси қазоқ Айдар Алибоев ба ин назар аст, ки Қазоқистон бояд пеш аз ҳама дар фикри худаш бошад. "Мо ҳам дар бахши сиёсат ва иқтисод, дар соҳаҳои дигари низомиву идеологӣ ва ғайра манфиатҳои миллии худро дорем. Агар ин манфиатҳо дар самтҳои муайян бо Русия мувофиқ омаданд, хеле хуб. Агар не, пас бояд ҳамингуна бошад, чун ин манфиатҳои мо аст. Ин як чизи оддӣ аст.”,--мегӯяд Айдар Алибоев.

Назарҳои сиёсатмадорони Қазоқистонро дар Русия бад қабул карда, ҳукуматашро ба русбадбинӣ айбдор намуданд. Владимир Евсеев, шореҳи низомӣ аз Пажӯҳишгоҳи кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ ҳушдор додааст, ки сиёсати "бисёрсамтӣ"-и монанд ба замони Назарбоев "оқибатҳои хуб надорад". Вале таҳлилгарони қазоқистонӣ ба инанд, ки суҳбатҳо аз вуҷуди таҳдиди низомӣ ба Қазоқистон, мисле, ки дар Украина дида мешавад, асос надоранд.

Айдар Алибоев, таҳлилгар дар ин бора гуфт: "Мо тавони артиши, ба истилоҳ, дуюмро ҳам дидем. Ин гапҳо асос надорад. Ин артиши "дуюм" нест, бар асоси оинномаҳои солҳои 45-ум амал мекунад. Артиши Русияро на рақиби берунӣ, балки беназмӣ, коррупсия, дуздиву бебандуборие, ки ҳукмрон аст, аз дохил хароб мекунад."

Алибоев афзуд, ки Қазоқистон бояд муносибатҳояшро бо назардошти воқеиятҳои нав ба роҳ монад ва дигар дар нақши як бародари хурдӣ набошад. Гумон аст, ки ба ин наздикӣ таҳримҳое, ки иқтисоди Русияро хафагир кардаанд, бекор шаванд. Ин ба он маъност, ки ба ҳамсояи Русия шарикони корие лозиманд, ки муносибатҳо бо онҳо хубу созгоранд. Қазоқистон ба чунин ҳамкориҳо аз рӯи ҳикмати "сирф муносибатҳои корӣ, на хусусӣ" муносибат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG