Боздошти ҷавоне дар фурудгоҳи Душанбе. Корбарон "облава" номиданд. ВИДЕО

Ин навор, зоҳиран, дар назди фурудгоҳи Душанбе сабт шудааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори лаҳзаи боздошти ҷавоне аз сӯи афроди ношинос паҳн шудааст, ки муаллифон "облава" дар мавсими нави хизмати сарбозӣ медонанд.

Рӯзи 1-уми апрел даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз шуд ва то охири моҳи май давом мекунад.

Дар шабакаи Инстаграм ва Фейсбук чанд наворе чарх мезанад, ки ба иддаои корбарон, дар он лаҳзаи гирудори ҷавонон ё "облава" тасвир ёфтааст. Дар яке аз ин наворҳо, ки санаи сабташ маълум нест, ду нафар, бо либоси мулкӣ, талош доранд, ҷавонеро ба мошин савор кунанд. Ҷавон пофишорӣ дорад, ки хидмат кардааст. Навор, зоҳиран, дар назди фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сабт шудааст ва ин ҷавон дар даст борхалтаи сафарӣ дорад.

Наворро инҷо тамошо кунед:

Бо оғози мавсими баҳории маъракаи даъвати ҷавонон ба артиш шикоятҳо аз иҷборан ба хизмат бурдани ҷавонон бештар шудааст. Корбарони Озодӣ ҳам аз чандин ҳолати “облава”-и наздиконашон қисса мекунанд.

Дилрабо Самадова, раҳбари "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" мегӯяд, соли гузашта аз чанд ҳолати боздошти ҷавонони синни даъват дар фурудгоҳҳои кишвар шикоят дарёфт карда буданд. Ҳоло ба гуфтаи ӯ, дар мизҳои шиносномадиҳӣ ба бархе ҷавонон, ки қасди сафар доранд, шиносномаи хориҷӣ намедиҳанд.

Корбаре навиштааст, ки дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли пешин) ба ҷои як ҷавони даъватшавандае, ки дар Русия будааст, падари ӯро боздошт ва бо фишор талаб намудаанд, ки писарашро ба ватан баргардонад. Маълум нест, ки то куҷо ин иддаои корбар дуруст аст.

Бархеи дигар аз боздошту ба хизмат бурдани ҷавонон аз назди донишгоҳҳо хабар медиҳанд. Шикоят аз “облава” қариб дар ҳар мавсими даъвати ҷавонон ба назар мерасад. Мақомот ҳар бор чунин хабарҳоро рад мекунанд ва мегӯянд ҷавонон ихтиёрӣ ба хизмат мераванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Генерали тоҷик будани "сарбозшикор"-ро эътироф кард. ВИДЕО"Писарамро дар комиссариат задаанд, дар қисми ҳарбӣ чӣ кор хоҳанд кард?" ВИДЕОСокини Фархор шикоят дорад, ки писари беморашро “облава” карданд. ВИДЕОШералӣ Мирзо дар бораи “облава” тафсилот надодМавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон тамом шуд, вале шикоятҳо аз "сарбозшикор" ҳаст. ВИДЕО