Як сокини шаҳри Хуҷанд иддао дорад, ки ӯро дар дохили бинои комиссариати ҳарбӣ задаанд. Пайвандони Баҳром Қосимови 19-сола мегӯянд, намояндаи Додситонии ҳарбӣ қазияро таҳқиқ дорад. Масъулони комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд латукӯби ҷавонро рад карданд.
Баҳс аз чӣ сар зад?
Баҳром Қосимов рӯзи 24-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, 17-уми январи имсол барои гирифтани як муҳри комиссари ҳарбӣ ба ин идора рафт, то дар асоси он шиноснома гирад, вале аз ӯ хостаанд, “аризаи бо хоҳиши худ ба аскарӣ” рафтанро низ нависад. Ҷавоби рад додани Баҳром дучори баҳс байни онҳо шудааст.
“Гуфтам, ки дар асоси даъватнома моҳи апрел меоям ва аз ташхиси тиббӣ мегузараму ба хидмати ҳарбӣ меравам. Онҳо бо зӯриву дағалӣ хостанд, ки ариза бинависам. Ному насабашонро намедонам, вале либосу кӯлоҳи ҳарбӣ пӯшида буданд,” – нақл кард ӯ.
Идомаи баҳси Баҳром Қосимов бо кормандони комиссариати ҳарбӣ бо занозанӣ анҷом ёфтааст. Ба нақли ҷавон, пайвандонаш ӯро ба ташхисгоҳ бурда, баъдан дар шифохонаи шаҳрӣ бистарӣ кардаанд. Пизишкон гуфтаанд, ҷавон ба “ларзиши майнаи сар ва варами гулӯ” гирифтор аст.
“Яке аз онҳо ба гарданам зад, беҳуш шуда афтидам. Ту дурӯғ карда истодаӣ гуфта, аз муйи сару кӯлоҳам кашола кард. Вақте боз афтидам, ба рӯйҳоям зада, ҳушёр кардан хост," – ба ёд овард ӯ.
Муяссар Носирова, модари Баҳром Қосимов, мегӯяд, писараш як ҳафта боз доруву дармон мегирад, “вале то ин дам ягон намояндаи комиссариати ҳарбӣ наомад”. Аммо вай тасдиқ кард, ки муфаттишони Додситонии ҳарбӣ ба бемористон омада, аз ҳоли онҳо ва ҷузъиёти ҳодиса пурсидаанд.
Ҷавон саркашӣ кард?
Дар комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд дучори бадрафторӣ ё латукӯб шудани Баҳром Қосимовро рад карданд. Як корманди баландпояи ин ниҳод дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҷавон дар рӯйхати даъватшавандаҳо буд ва бо он муносибати бад нашудааст.”
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Худи Баҳром Қосимова ва модараш мегӯянд, ҳеч гоҳ аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ накардаанд. “Дар даъвати тирамоҳии соли 2021 фарзандам бемор буд ва барои ҳамин натавонист, ба хидмати ҳарбӣ равад. Ҳоло, ки дар дохили комиссариати ҳарбӣ задаанд, ман тарсидам. Агар ҳаминҷо занозанӣ бошад, дар қисмҳои ҳарбии дуртар чӣ гуна бошад?” – гуфт Муяссар Носирова.
Даъват ба сафи артиш дар Тоҷикистон дар баҳору тирамоҳ сурат мегирад. Ба гуфтаи сокинон, мавридҳои бо зӯр ё сарбозшикор (облава) ба артиш бурдани ҷавонон низ ҷой дорад.
Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, “меҳтарсолорӣ” ё “дедовшина” ва марг ё маъюб шудани ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад. Мақомот баръакс иддао доранд, ки назорат дар қисмҳои ҳарбӣ сахттар шудааст ва сафи ҷавононе, ки бо хоҳиши худ ба хидмати ҳарбӣ мераванд, низ афзудааст.