"5 роҳ"-и халосии Тоҷикистон аз буҳрони ҷанги Русия дар Украина, вале бе шарҳ

Мардум ҳангоми харидани орд дар бозори "Меҳргон"

Тоҷикистон дар пасманзари ҷанги Русия дар Украина барномаи зиддибуҳронӣ қабул карда, мавриди иҷро қарор додааст, вале онро банд ба банд шарҳ намедиҳанд. Манобеи расмӣ гуфтанд, як бахши он манъи муваққатии санҷиши соҳибкорон аст. Баъзе аз коршиносон ҷиддӣ будани тасмимро зери шубҳа мегузоранд.

Таҳия ва оғози барномаи зиддибуҳрониро дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо тасдиқ карданд. Масъулонаш танҳо гуфтанд, “ҳар чанд рӯз ҷаласаи ситод баргузор мешавад”. Дар Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон хабар доданд, ки барнома аз панҷ қисм иборат аст.

"Пешгирӣ аз хатарҳо дар арсаи бонкӣ". "Суханбозӣ" ?

Умед Давлатов, як масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ, охири ҳафтаи гузашта гуфт, “яъне, нигоҳ доштани нишондодҳои макроиқтисодӣ ва пешгирӣ аз хатарҳо дар арсаи бонкӣ. Ҳукумат кӯшиш дорад, бо истифода аз имкониятҳову захираҳои дохилӣ ва имкониятҳои шарикони рушд тамоми нақша-чорабиниҳои пешбинишударо дар ин барнома иҷро кунад.”

Абдуманнон Шералиев

Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари тоҷик, бар ин назар аст, ки буҳрони ҳозираи иқтисодӣ аз буҳрони соли 2015 бамаротиб шадидтар хоҳад буд, ки дар пайи он ду бонки бузурги Тоҷикистон варшикаста шуданд.

“Табдирҳое ба монанди наҷоти бонкҳо, рушди тавлидоти дохилӣ, ҷалби сармоя ва ғайра ҷуз суханбозӣ ва таскини худ чизи дигаре нест. Бонкҳои Тоҷикистон ҷуз ин ки тавассути бонкҳои Русия ба ҷаҳон пайванданд, ҳамагӣ асосан аз пули муҳоҷирон вобастаанд. Ба назари банда, соҳаи бонкдории Тоҷикистон ба ҳолати аввали солҳои 2000-ум бар хоҳад гашт,” – шарҳ дод ӯ.

Дар мавриди онки ҳоло кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои сахте ҷорӣ кардаанд ва ин амр ба кам шудани пулҳои интиқолии муҳоҷирон боис мешавад, Умед Давлатов мегӯяд, “иқтисоди Тоҷикистон танҳо аз ҳисоби маблағи муҳоҷирон намечархад.” Ба қавли ӯ, “мақомот барои иҷрои ин барнома аз зарфиятҳои дигари худ истифода мекунанд.”

Умед ба тило?

Вақте мақомот аз зарфияту захираҳои давлатӣ мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд, захираи маъданҳои гаронбаҳо, аз ҷумла тилоро дар назар доранд. Ба иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон, дар ду моҳи аввали имсол кишвар ба маблағи 46 миллион доллар тило фурӯхтааст. Ин рақам дар ду моҳи аввали соли гузашта ба 353 миллион доллар баробар буд.

Дар нишасти ахири матбуотии Бонки Миллӣ гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша барои ҳафт моҳ захираҳои тиллову арзӣ дар ихтиёр дорад. Аммо коршиносон ҳадс мезананд, ки буҳрони иқтисодӣ дар пайи ҳамлаи Русия ба Украина метавонад тӯлонитар аз ин бошад.

Пайрав Чоршанбиев

Гузашта аз ин, ба гуфтаи шореҳи иқтисодӣ Пайрав Чоршанбиев, Тоҷикистон дар ду соли охир, дар пайи паҳншавии бемории коронавирус, водор шудааст, бештаре аз захираҳои арзу тилои худро истифода кунад.

Ӯ афзуд: “Дар феҳрасти Бонки Ҷаҳонӣ, кишварҳои дорои даромади хеле паст ба ҳар сари аҳолӣ вуҷуд дорад. Ба ин рӯйхат кишварҳое дохил мешаванд, ки даромади тавлидоти нохолиси миллияшон ба ҳар сари аҳолӣ аз 1200 доллари амрикоӣ камтар аст. Дар Тоҷикистон даромад ба ҳар сари кас ба 850 доллар баробар аст. Баъд аз Тоҷикистон дар ин феҳраст боз 36 кишвари африқоӣ қарор доранд.”

Мушкили аслӣ кадом аст?

Ҳоло чизе, ки бештари шореҳони иқтисодӣ рӯи он таъкид доранд, боз кардани суратҳисобҳои бонкҳои Тоҷикистон дар кишвраҳои ғарбӣ аст. Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ахиран Ҳоким Холиқзода, раиси ин ниҳод, дар дидор бо ҳайати Бонки Аврупоии Рушд ва Бозсозӣ хоҳони мусоидати онҳо дар ин замина шудааст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Доктор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, “ҳоло фурсати хубе расидааст, ки бонкҳои Тоҷикистон тавонанд зуд дар бонкҳои кишварҳои ғарбӣ ва осиёӣ суратҳисобҳои худро боз кунанд. Зеро, дар пайи таҳримҳо, Ғарб манфиатдор аст, кишварҳои пасошӯравӣ аз вобастагии Русия берун шаванд”.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Умаров, “Тоҷикистон аз Русия танҳо панҷ дарсади ғаллаи заруриро мехарад ва ба ин далел нархи он набояд ба аҳолии кишвар зиёд таъсиргузор бошад. Ҳоло мушкили асосӣ интиқоли маблағҳо аст ва раёсати Бонки миллиӣ бояд зимни сафарҳо ба Аврупо ин масъаларо фавран ҳал кунад”.

То оғози ҳамлаи Русия ба Украина бонкҳои Тоҷикистон тавассути бонкҳои русӣ бо шарикони хориҷии худ табодули маблағ мекарданд. Дар пайи таҳримҳои ғарбӣ, чунин имконият аз байн рафт.

Пайрав Чоршанбиев мегӯяд, дар сӣ соли истиқлол ҳеч бонки Тоҷикистон натавонистааст, дар бонкҳои кишварҳои ғарбӣ суратҳисоби худро кушояд. Зеро, ба гуфтаи вай, барои бонкҳои ғарбӣ ҳамкорӣ бо кишвари хурде ба мисли Тоҷикистон фоидаовар нест ва гузашта аз ин, Ғарб ҳарос дорад, ки бонкҳои Тоҷикистон бо хатари пулшӯӣ ва сармоягузории фаъолиятҳои террористиву ифротгароӣ рӯбарӯ мебошад.