Ҳамкории боэҳтиёт
"Саҳми гардиши тиҷоратии Тоҷикистон бо Украина дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷойи охир қарор дорад. Аз ин рӯ, дар мавриди таъсири ҷанг метавон аз зовияи буҳрони молӣ - иқтисодӣ дар Русия нигоҳ кард. Чунон ки соли 2014 дар пайи танг шудани бозори кор ва коҳиши баҳои нафти Русия," -- мегӯяд сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз ғасби Қрим аз сӯи Маскав, Тоҷикистон талош кард, аз бетарафӣ кор бигирад ва робитаи хосе бо Украина надошт. Дипломатҳои Украина дар Тоҷикистон пештар гуфта буданд, ки кам шудани гардиши тиҷоратӣ байни ду кишвар ҳанӯз то буҳрони Маскав ва Киев дар соли 2014 оғоз шуда буд. Он замон ин равандро ба шакл гирифтани қонунҳои нави гумрук миёни кишварҳои ИДМ (СНГ) ва Иттиҳоди гумрукӣ байни Русия, Қазоқистон ва Беларус рабт дода буданд.
Тибқи иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон, гардиши тиҷорати хориҷӣ бо Украина дар соли 2020-ум 26,9 миллион доллар будааст. Содироти молу коло аз Тоҷикистон ба Украина дар ҳамин сол 0,4 миллион доллар ва воридот 26,6 миллион долларро ташкил додааст.
Аз Украина ба Тоҷикистон номгӯи зиёди маҳсулоти қаннодӣ, шакар, маҳсулоти гӯшту шир, фаровардаҳои нафтӣ, навъҳои резин, таҷҳизоти кишоварзӣ ва барқӣ, маҳсулоти оҳанӣ, шиша, керамика ва дору ворид мешавад. Тоҷикистон ба ин кишвар сабзавот, меваи хушк ва пахта содирот мекунад.
Моҳи феврали соли 2020 миёни Душанбе ва Киев аввалин машварати сиёсӣ дар сатҳи роҳбарони сохторҳои Вазорати корҳои хориҷӣ анҷом шуд, вале ҳеч пешрафти қобили таваҷҷуҳе мушоҳида нашуд.
Нерӯи барқи обӣ ва "Роғун"
Вазорати энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки тамоми системаи нерӯи барқи обии Тоҷикистон бо истифода аз таҷҳизоти сохти Украина роҳандозӣ шудааст ва истифодаи таҷҳизоти кишварҳои дигар имконпазир нест.
Аз ҷумла, корхонаҳои “Электротяжмаш” ва “Турбоатом”-и Харков шарики муҳимтарин дар ростои амалӣ кардани тамоми тарҳҳои энержии Тоҷикистон ба шумор мерафт. Аз чаҳори агрегат ё чархае, ки барои “Роғун” супориш додаанд, ду агрегат оварда шудааст. Инчунин, барои бозсозии нерӯгоҳи “Норак” 9 агрегати хурд оварда шуда, барои “Варзоб” ва “Қайроққум” таҷҳизоти украинӣ истифода мешуданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи як манбаи огоҳ аз соҳаи энергетика, Тоҷикистон бо як ширкати австриягӣ барои ворид кардани агрегат барои нерӯгоҳи “Роғун” ба созиш расидааст. “Аз Украина танҳо ду агрегат хаприда шуд. Инҳо ҳанӯз супоришҳои Шӯравӣ буданд ва таҷҳизоти аслӣ дар Тоҷикистон буд. Аз ин рӯ, ду агрегат ва қисмҳои боқимонда аз Украина супориш дода шуданд. Ҳоло ҳама таҷҳизотро як ширкати австриягӣ, ки дар тендер ғолиб омада буд, ворид мекунад”, -- мегӯяд манбаъ.
Талошҳои Радиои Озодӣ барои тасдиқи ин хабар дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бенатиҷа анҷом ёфт. Аммо қаблан Маҳмадсаид Шамсуллозода, мудири техникии нерӯгоҳи “Роғун” ба расонаҳо гуфта буд, ки Тоҷикистон дар мавриди овардани агерегат бо ширкати австриягӣ дар ҳоли музокира аст ва агрегати сеюм соли 2025 ба кор оғоз мекунад.
Дар ҳоли ҳозир ду агрегати “Роғун” фаъоланд. Дар умум дар ин нерӯгоҳ бояд 6 агрегат ба кор дароянд, ки тавоноии ҳар кадоме аз онҳо 600 МВт мебошад. Интизор меравад, сохтмони “Роғун” то соли 2033 ба поён бирасад. Сохтмони нерӯгоҳ комилан аз буҷаи кишвар сармоягузорӣ мешавад, ки барои такмили он кофӣ нест.
Тибқи иттилои Вазорати молия соли 2022 барои сохтмони Роғун тақрибан 2,5 миллирад сомонӣ (220 миллион доллар) ихтисос дода мешавад. Аз аввали сохтмон (аз соли 2008) то соли ҷорӣ барои бунёди Роғун 37,7 миллиард сомонӣ харҷ шудааст.
Дар солҳои истиқлол байни Тоҷикистон ва Украина ҳудуди 90 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расидааст. Соли 2020 дар Душанбе гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни парлумонҳои ду кишвар таъсис ёфт.