Тоҷикистону Узбекистон баъди бештар аз ду соли "танаффус" гузаргоҳҳои марзиро кушоданд. Сарҳади ду кишвар соли 2020 дар пайи паҳншавии бемории коронавирус баста шуда буд ва моҳҳои охир ба таври маҳдуд кор мекард.
Рӯзи 15-уми март гузаргоҳи марзии "Пахтаобод" дар шаҳри Турсунзода серодам буд. Абдуҷаббор Абдуллоев, сокини Узбекистонро дар онҷо вохӯрдем. Ӯ гуфт, дар аҳди пандемия натавонист ба дидори хешовандонаш ба Тоҷикистон биёяд.
"Имрӯз омадем. Шиносномаи нав дорем, бемалол аз сарҳад гузаштем. Танҳо дар якҷо зикр карданд, ки мо марзро гузаштем," – нақл кард ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ба ҳаракати мусофирбар миёни Узбекистону Қазоқистон иҷоза шудСарҳади миёни ду кишвар барои равуои сокинон 16-уми марти соли 2020 баста шуда буд. Моҳи декабри ҳамон сол иҷозаи убур танҳо ба шахсоне дода шуд, ки дар донишгоҳҳо таҳсил мекунанд ё хешовандони наздик доранду иҷозаи ситоди муқобила бо бемориро дар даст доранд. Аммо ҳамзамон дар бораи "ҳақталабӣ" дар марз гузоришҳо мерасид.
Салима Назарова, сокини Тоҷикистон, гуфт: "Ҳозир мушкил надорад. Аз мо ҳеч кас пул ва ташхиси COVID-19 напурсид. Пештар, росташро гӯям, 100 сомонӣ намедодед, намегузаштед."
Мақомот ҳамвора "ҳақситонӣ"-ро дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Узбекистон рад кардаанд.
Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 дар Тоҷикистон шоми 7-уми марти имсол хабар дод, ки гузаргоҳҳои марзӣ бо Узбекистон 15-уми март ба низоми маъмулӣ мегузаранд. Аз ҷумла, аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон ва ё хориҷиён метавонанд, бо доштани гувоҳнома дар бораи пурра эм шудан аз коронавирус, бе супоридани ташхиси коронавирус вориди Тоҷикистон шаванд.