Вазорати нақлиёти Узбекистон иттилоъ додааст, ки ҳаракати мусофирбарҳо миёни ин кишвар ва Қазоқистон аз 16-уми март дубора аз сар гирифта мешавад.
Ба огаҳии вазорат, ин ниҳод дар мавриди ҳаракати транзитии мусофирбарҳо ба Қирғизистону Русия тавассути Қазоқистон гуфтугӯ дорад.
Ҳаракати автобусҳо миёни Узбекистон ва Қазоқистон аз 16-уми марти соли 2020 ва ба далели пандемияи коронавирус қатъ шуда буд.