Ду рӯз баъд аз тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳалокати як сарҳадбони тоҷик, мақомоти ду кишвар паси мизи гуфтугу нишаста ва роҳҳои пешгирӣ аз такрори ин гуна ҳодисаҳоро баррасӣ кардаанд.
Гуфтушунид рӯзи 12-уми март дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" дар ноҳияи Исфара сурат мегирад. Дар мулоқот Раҷабаалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи неруҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раиси шаҳри Исфара, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва аз Қирғизистон раиси вилояти Боткент, раиси ноҳияи Лайлак, ва дигар намояндагони расмӣ ширкат доранд.
Яке аз намояндагони ҳайати Тоҷикистон ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Суғд гуфт, “Муроду мақсади ин дидору гуфтушунид пешгирӣ аз муноқиша дар марз, таъмини зиндагии осудаи мардум дар хатти марзи давлатӣ ва риояи одоби неки ҳамсоядорӣ мебошад.”
Ду рӯз пештар аз ин гуфтугу дар натиҷаи тирандозӣ дар наздикии як деҳаи марзӣ дар ноҳияи Исфара, Суннатулло Самадов, як марзбони тоҷик дар маҳалли ҳодиса кушта шуд. Мақомоти ду тараф ҳамдигарро ба барангехтани муноқиша муттаҳам карданд.
Тирандозӣ шаби 11-уми март ҳам идома кард ва чанде аз хонаҳои сокинони ҷамоати Чоркӯҳ осеб диданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чандсад километр дуртар аз маҳалли тирандозӣ ва дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар Хатлон рӯзи 12-уми март маросими дафни Суннатулло Самадов, марзбони тоҷике сурат мегирад, ҳангоми низоъ кушта шуд.
Аз 970 километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон нисфе аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст ва номуайянӣ ҳар чанд вақт сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешавад. Низои хунбортарин миёни ду ҳамсоя охири моҳи апрели соли 2021 рух дод ва дар давоми се рӯзи низоъҳо даҳҳо нафар аз ҳарду тараф куштаву захмӣ шуданд.
Гузориш дар ҷараёни рӯз такмил мешавад. Бозгашт ба саҳифаи моро фаромӯш накунед.