Дар пайи афзоиши таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав теъдоди парвози ҳавопаймоҳои Русия ба Тоҷикистон кам шудааст. Ин дар ҳолест, ки мавсими сафари муҳоҷирон ба Русия оғоз мешавад. Муҳоҷирони тоҷик аз он нигаронанд, ки коҳиши парвози ҳавопаймоҳо метавонад, нархи билетро боло барад.
“На пулро медиҳанд, на парвозро дақиқ мекунанд”
Илҳомиддин Бӯриев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бояд аз Душанбе ба шаҳри Волгоград парвоз кунад. Ӯ аз ширкати “Сибир” ё S7 билет харида буд. Рӯзи 5-уми март ширкати русӣ эълон кард, ки парвозҳои байнулмилалии худро бас мекунад. Чунин тасмим мусофирони ин ширкатро дар Тоҷикистон дар ҳолати ногувор гузоштааст.
Илҳомиддин Бӯриев мегӯяд, на пули билетро баргардондаанд ва на санаи дақиқи парвозро гуфтаанд. “Гуфтанд, як моҳ мунтазир шавем. Ҳамон ҳам парвоз мешавад ё не, номаълум,” – гуфт ӯ.
Рӯзи 7-уми март чандин нафар дар назди нуқтаи билетфурӯшии ширкати “Сибир” ҷамъ омада буданд. Ҳамаи онҳо дар даст билетеро доранд, ки ҳоло маълум нест кай онҳоро аз Душанбе ба Русия мерасонад.
Парвиз Азизов, сокини ноҳияи Файзобод, ҳам барои сафар аз шаҳри Бохтар ба Новосибирск билет харидааст. Азизов мегӯяд, аз Русия ӯро даъват доранд, ки зудтар ба ҷойи кор ҳозир шавад. “Аммо дар инҷо билетҳо дар даст гашта истодаем. Ягон маълумот намедиҳанд, фақат мегӯянд, маҳкам аст. Ақаллан билетро ба ягон ширкати дигаре гузаронанд, ки ба Русия равем,” -- мегӯяд ин муҳоҷири тоҷик.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Агар ҳавопаймо парвоз кунад, мусодира мешавад”
Масъулини ширкати ҳавопаймоии “Сибир” дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, феълан ҳамаи парвозҳояшон аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс манъ шудааст. Ба гуфтаи масъулини ширкат, сабаби қатъи парвозҳо ин аст, ки ҳавопаймоҳои онҳо асосан “Аэробус” аст, ки ҳоло зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор гирифтааст. Яъне агар ин ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон парвоз кунанд, ба гуфтаи масъулини ширкати “Сибир”, мумкин аст мусодира шаванд.
“Дар ҳоли ҳозир ба мусофирон гуфтанд, ки ба нуқтаҳои билетфурӯшӣ муроҷиат кунанд, пулашонро бармегардонанд. Аммо ҳозир дар масъалаи баргардондани пули ҳама мусофирон каме мушкилӣ аст. Мумкин кам-кам парвозҳоро тариқи ҳавопаймои Боинг ташкил карда, мусофиронро ба Русия барем. Масалан, дирӯз як парвоз аз Хуҷанд буд, имрӯз яктои дигар аз Бохтар. Аммо парвозҳо кай пурра барқарор мешаванд, номаълум,” -- гуфтанд дар идораи намояндагии ширкати “Сибир.”
“Сибир” бузургтарин ширкати хусусии ҳавопаймоии Русия аст, ки аз Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар ба шаҳрҳои Новосибирск, Волгоград, Кемерово, Омск, Нижний Новгород, Воронеж ва Саратов парвоз анҷом медод.
Кам шудани ҳадди ақал 25-30 парвоз
Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ, моҳи феврали имсол гуфта буд, ҳафтае миёни Тоҷикистону Русия 120 парвоз сурат мегирад. Аз ин 20 парвозаш ба ширкати “Сибир” мутааллиқ буд, ки ҳоло қатъ шудааст. Ширкати “Уралские авиалинии” ҳам хабар дод, ки парвозаш аз Сочи ба Тоҷикистонро барои рӯзҳои 4-5-уми март бекор кардааст. Ин ширкат дар хабарномае гуфтааст, мусофирон метавонанд билетҳои худро ба Сочи, Минералние Води ва Ростови лаби Дон ба вақти дигар гузаронанд ё маблағашонро бозпас гиранд.
Илова бар ин, масъулини Фурудгоҳи Хуҷанд рӯзи 7-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ду парвози ширкати “Уралские авиалини” ба Нижнекамск ва Саратов ҳам бекор шудаанд. Парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Краснодор ҳам як ҳафта бекор шуда буд.
Масъулини Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон рӯзи 7-уми март нахостанд, мавзуъро шарҳ диҳанд. Вале бар асоси ҳисоби пешакӣ шумори парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия дар даҳ рӯзи ахир, ҳадди ақал 25-30 адад кам шудааст. Парвозҳои асосӣ аз ҷумла ба шаҳрҳои Маскав, Санкт Петербург,, Челябинск, Екатеринбург ва Оренбург ҳамчунон идома дорад.
Нигаронӣ аз эҳтимоли афзоиши нархи билет
Бо қатъ шудани сафар тариқи қатора ва нақлиёт, парвозҳо василаи асосии рафтуомад миёни Тоҷикистону Русия ҳастанд. Мусофирони асосӣ муҳоҷирон ҳастанд, ки теъдодашон як миллион нафар гуфта мешавад. Бо коҳиши парвозҳо ин нигарониҳо бештар шудаанд, ки нархи билет ба Русия боло меравад. Ҳарчанд мақомот ваъда додаанд, ки ба беасос боло бурдани нархи сафар иҷозат намедиҳанд.